Тафсири Сураи Намл Ояти 39 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Намл Ояти 39
قَالَ عِفۡرِيۡتٌ مِّنَ الۡجِنِّ اَنَا اٰتِيۡكَ بِهٖ قَبۡلَ اَنۡ تَقُوۡمَ مِنۡ مَّقَامِكَۚ وَاِنِّىۡ عَلَيۡهِ لَـقَوِىٌّ اَمِيۡنٌ ٣٩
Қола ъифрӣту-м мина-л-ҷинни ана атӣка биҳӣ қабла ан тақума мим мақомик. Ва иннӣ ъалайҳи ла қавийюн амӣн. 39.
39. Қавитарини аз ҷинҳо (Ифрит) гуфт: «Ман пеш аз он ки ту аз ҷои худ бархезӣ, онро назди ту биёварам ва ба дурустӣ, ки ман бар он тавоноӣ бо амонатам».
Агарчи кори ҷинҳои кофир вайронкорӣ ва хиёнаткорист, локин яке аз онҳо, ки Ифрит ном дошт, ба Сулаймон (а) таслим буд, дар посух гуфт, ки ман пеш аз он, ки маҷлиси ту поён ёбад ва аз ҷои худ бархезӣ, амин бош, бе ягон хиёнат дар ҷавоҳироти он, тахти Билқисро назди ту ҳозир мекунам. Зеро ман нисбат ба овардани он тавоноям. Саддӣ (соҳиби тафсир) гуфтааст, ки Сулаймон (а) аз оғози рӯз то заволи Хуршед барои қазоват ва ҳукумат миёни мардум менишаст ва бо онҳо гуфтугӯ мекард. Ифрит ваъда дод, ки пеш аз он ки малика назди Сулаймон (а) расад, дар чанд соъате тахти онро ба назди Сулаймон (а) меорад. Аммо нафари дувум, ки марди солеҳ ва аз Китоби Аллоҳ огоҳ буд, назди Сулаймон (а) ҳозир шуд ва чунин гуфт…
Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «