Сураи Намл Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Намл Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Намл Ояти 43

وَصَدَّهَا مَا كَانَتۡ تَّعۡبُدُ مِنۡ دُوۡنِ اللّٰهِ‌ؕ اِنَّهَا كَانَتۡ مِنۡ قَوۡمٍ كٰفِرِيۡنَ ٤٣

Ва саддаҳа ма канат таъбуду мин дуниллаҳ. Иннаҳа канат мин қавмин кафирӣн. 43.

43. Ва он занро аз он чӣ ба ҷуз Худо ибодат мекард, Сулаймон боздошт. Ҳаройина, вай аз гурӯҳи кофирон буд.

Маликаи шаҳри Сабо, пеш аз он ки ба ин моҷаро рӯ ба рӯ шавад, аз гурӯҳи кофирон буд. Ба ҷои Худованд, чуноне ки дар оятҳои қабли гузашт, дигар чиз (Хуршед)-ро худо гуфта мепарастид. Ибни Ҷарир мегӯяд, ки Сулаймон (а) тавонист бо чунин тадбир ӯро аз роҳи хуршедпарастӣ боздорад ва ба роҳи Худопарастӣ боз гардонад.

Хулоса, маликаи Сабо, бо дидани чунин нишонаҳо ва муъҷизаҳои ошкор ба гузаштаи торики худ видоъ гуфт ва ба сӯйи нури имон қадам гузошт.


Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Намл Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Намл Ояти 44 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)