Сураи Намл Ояти 44 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Намл Ояти 44 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Намл Ояти 44

قِيۡلَ لَهَا ادۡخُلِى الصَّرۡحَ‌ ۚ فَلَمَّا رَاَتۡهُ حَسِبَـتۡهُ لُـجَّةً وَّكَشَفَتۡ عَنۡ سَاقَيۡهَا ‌ؕ قَالَ اِنَّهٗ صَرۡحٌ مُّمَرَّدٌ مِّنۡ قَوَارِيۡرَ ؕ قَالَتۡ رَبِّ اِنِّىۡ ظَلَمۡتُ نَـفۡسِىۡ وَ اَسۡلَمۡتُ مَعَ سُلَيۡمٰنَ لِلّٰهِ رَبِّ الۡعٰلَمِيۡنَ ٤٤

Қӣла лаҳадхули-с-сарҳ. Фа ламма раатҳу ҳасибатҳу луҷҷата-в ва кашафат ъан сақайҳа. Қола иннаҳу сарҳу-м мумарраду-м мин қаварӣр. Қолат Рабби иннӣ заламту нафсӣ ва асламту маъа Сулаймана лилаҳи Рабби-л-ъаламӣн. 44.

44. Ба вай гуфта шуд: «Ба ин кушк дарой!». Чун онро бидид, пиндошт, ки ӯ ҳавзи об аст ва аз ду соқи худ ҷома бардошт. Сулаймон гуфт: «Ин кушке аст бе нақш дурахшон ва аз шиша сохташуда». (Билқис) гуфт: «Эй Парвардигори ман, ҳаройина, ман (бо парастиши Хуршед) бар хеш ситам кардам ва ҳамроҳи Сулаймон барои Худо, ки Парвардигори оламҳост, ислом овардам».

Дар ин оят Худованд хабар додааст, ки дар он асно, ки Билқис назди Сулаймон (а) ҳозир шуд, дид, ки Сулаймон (а) ахлоқи махсус дорад, ки ба ахлоқи шоҳон ҳеҷ шабоҳате надорад, таъаҷҷуб кард. Сулаймон (а) амр карда буд, пеш аз омадани Билқис болои наҳре аз шишаи булӯр қасре созанд. Қаср чунон сохта шуда буд, ки шахси ба дохили он нигаранда гумон мекард, ки об болои фарши он ҷорист. Ҳамон замон ба ӯ гуфта шуд, ки дохили қаср шавад. Вақто ки малика дохили қаср шуд, боз дар таъаҷуб монд. Ҷомаи худро аз соқи пойҳои худ гӯё аз обе мегузашта бошад, бар зад. Чун Сулаймон (а) ҳолати ӯро мушоҳида кард, ба ӯ гуфт: «Ҷомаи худро бар мазан, дар саҳни қаср об нест, он аз шишаи булӯрин сохта шудааст, об таги ӯст».

Хулоса, малика, ки инсони зираку донову бозаковат буд, ба ҳама ин муъҷизаҳо тан дод. Ҳангоме ки ин саҳнаро дид, гуфт, ки Парвардигоро! Ман худро зулм кардам, ман ба хатокории худ иқрорам, ки бутпарасту Хуршедпараст будам. Ҳоло ба Аллоҳ, ки Парвардигори оламиён аст, иқрорам. Парвардигоро! Ман ҳамроҳи роҳбарам Сулаймон (а) ба даргоҳи Ту омадам, аз гузаштаи худ пушаймонам, сари таслим бар остонаат месоям. Дар шоҳидии Сулаймон (а) имон оварда, мусалмон шудам. Маълумот дар бораи издивоҷ Сулаймон (а) бо малика аз ахбори аҳли Китоб аст, мо наметавонем онро тасдиқ ё такзиб кунем. Зеро дар бораи ин ҳодиса дар Қуръон ишорае нашудааст.

Хулоса, Сулаймон (а) бо ёрии Илоҳӣ тавонист, бе зойеъ кардани пулу молу асбобу аслиҳа ва бе ягон хунрезӣ малика ва мардуми шаҳри Саборо бо имон овардан ба Худованди ягона, ба роҳи салоҳ бикашонад ва ба онҳо нишон диҳад, ки тамаддуни фикрӣ ва ахлоқӣ ва иқтисодии мусалмонон аз тамаддуни ғайри мусулмонон пешрафтатар аст. Валлоҳу аълам.

Оятҳои зер аз қиссаи Солеҳ (а) ва аз қавми Самуд ҳикоя мекунад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Намл Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Намл Ояти 45 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)