Тафсири Сураи Намл Ояти 45 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Намл Ояти 45
وَلَقَدۡ اَرۡسَلۡنَاۤ اِلٰى ثَمُوۡدَ اَخَاهُمۡ صٰلِحًا اَنِ اعۡبُدُوۡا اللّٰهَ فَاِذَا هُمۡ فَرِيۡقٰنِ يَخۡتَصِمُوۡنَ ٤٥
Ва лақад арсална ила самуда ахоҳум Солиҳан аниъбудуллоҳа фа изаҳум фарӣқони яхтасимун. 45.
45. Ва ҳаройина, ба сӯи Самуд бародарашон Солеҳро фиристодем, ки Худоро ибодат кунед. Пас, ногаҳон он қавм ду гурӯҳ шуданд, бо якдигар хусумат менамуданд.
Дар кадом маконе, ки Худованд Пайғамбареро фиристода бошад, албатта, ба ин шиор: «Аллоҳро ибодат кунед!» фиристодааст. Зеро саршиъори ҳама пайғамбарони Илоҳӣ ҳамин аст. Ҳоло достони Солеҳ (а) дар ин сура оғоз шуда, Худованд хабар додааст, ки дар ҳақиқат мо ба сӯйи қавми Самуд бародарашон Солеҳ (а)-ро фиристодем, то ин ки онҳоро ба роҳи рост даъват кунад ва гӯяд, ки эй мардум, шумо Худованди ягонаро парастиш кунед! Аммо онҳо бошанд, дар баробари даъвати Солеҳ (а), чуноне ки дар оятҳои 75-76-уми сураи «Аъроф» гузашт, ба ду гурӯҳ (муъмину кофир) тақсим шуда бо ҳам дар мухосамат (душманӣ) шуданд. Гурӯҳи имоновардагон Ӯ (а)-ро пайғамбари мурсал донистанд ва гурӯҳи кофирон алайҳи Ӯ (а) шиъор дода Ӯ (а)-ро озор мерасонданд. Изои он қавм то ҷое расид, ки ба ӯ (а) гуфтанд, ки эй Солеҳ! Он азоберо, ки барои мо ваъда медиҳӣ, тезтар биёр, то бинем, ту рост мегӯӣ ё дурӯғ? Дар ояти 77-уми сураи «Аъроф» дар ин боб гузашт, ки он қавми ситамгор ба гумоне ки Солеҳ (а) дурӯғ мегӯяд, бо такрор аз ӯ (а) талаб мекарданд, ки агар рост мегӯи, чаро муҷозоти илоҳӣ ба суроғи мо намеояд? Вале Солеҳ (а) ба онҳо…
Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «