Сураи Намл Ояти 47 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Намл Ояти 47 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Намл Ояти 47

قَالُوا اطَّيَّرۡنَا بِكَ وَبِمَنۡ مَّعَكَ‌ ؕ قَالَ طٰٓٮِٕرُكُمۡ عِنۡدَ اللّٰهِ‌ بَلۡ اَنۡـتُمۡ قَوۡمٌ تُفۡتَـنُوۡنَ‏ ٤٧

Қолу-т-тайярна бика ва би мам маъак. Қола тоирукум ъиндаллоҳ. Бал антум қавмун туфтанун. 47.

47. Гуфтанд: «Аз ту ва аз ононе ки ҳамроҳи туанд, шугун (фол)-и бад гирифтем». Гуфт: «Шугуни бади шумо назди Худо аст, балки шумо қавме ҳастед, ки имтиҳон карда мешавед».

Қавми саркаш дар ивази он, ки аз андарзҳои Пайғамбарӣ дилсӯз панд гиранд, баракс ба ӯ (а) ба мубориза бархоста гуфтанд, ки мо туро ва касонеро, ки ҳамроҳи туанд, ба фоли бад гирифтем. Ин ҳама норасогиҳо ва қаҳтиҳо аз пайи қадами шуми шумост. Шумо мардуми шум ҳастед, аз рӯзе ки ту ва пайравони ту пайдо шудед, барои мо бадбахтӣ овардед! Онҳо мехостанд ба гуфтани чунин суханҳо, суханҳои муъҷизаосои Солеҳ (а)-ро дар назари мардум беарзиш нишон диҳанд. Локин дар посух Солеҳ (а) ба онҳо гуфт, ки сабаби бахти баду толеъи бади шумо назди Худост, ин ҳама иродаи Ӯст, ман ва ҳамраҳони ман ба ин кор дахолат надорем. Ӯст, ки шуморо ба хотири амалҳои бадатон гирифтори ин мусибатҳо гардонидааст. Он паррандагоне, ки гоҳо аз тарафи рост, гоҳ аз тарафи чапи шумо мепарранду шумо ин рафтори онҳоро василаи фоли бади худ ё фоли неки худ мепиндоред, ба хайру шарри шумо на илм доранду на огоҳӣ. Шумо гурӯҳе ҳастед, ки мавриди имтиҳони Парвардигор қарор гирифтаед. Оё дар хубиҳо шукр мекунед ва дар бадиҳо сабр? Ин ҳама ҳушдорҳо барои он аст, ки то касоне ки шоистаанд, аз хоби ғафлат бедор шуда роҳи нодурусти худро ислоҳ кунанд. Барои пурратар фаҳмидани мазмуни ояти мазкур ва калимаи «таёр» ба ояти 131-уми сураи «Аъроф» ва ба ояти 18-уми сураи «Ёсин» муроҷиъат шавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Намл Ояти 46 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Намл Ояти 48 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)