Тафсири Сураи Намл Ояти 46 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Намл Ояти 46
قَالَ يٰقَوۡمِ لِمَ تَسۡتَعۡجِلُوۡنَ بِالسَّيِّئَةِ قَبۡلَ الۡحَسَنَةِۚ لَوۡلَا تَسۡتَغۡفِرُوۡنَ اللّٰهَ لَعَلَّكُمۡ تُرۡحَمُوۡنَ ٤٦
Қола йа қавми лима тастаъҷилуна би-с-саййиати қабла-л-ҳасанаҳ. Лав ла тастағфируналлоҳа лаъаллакум турҳамун. 46.
46. Солеҳ гуфт: «Эй қавми ман, чаро пеш аз накӯӣ бадиро бо шитоб талаб мекунед?! Чаро аз Худо талаби омурзиш намекунед, бошад, ки бар шумо раҳм карда шавад?».
Агарчи қавми саркаш ба суханҳои Солеҳ (а) эътибор намедоданд, аммо Солеҳ (а) ба онҳо мегуфт, ки эй қавми ман, чаро роҳи ҳидоятро нею бо шитоб омадани азобро бар сари худ талаб мекунед, чаро аз Худованд мағфирату омурзиши гуноҳои худро талаб намекунед, то шояд, ки гуноҳони шумо бахшида шаваду шомили раҳмати Худованд шавед? Барои маълумоти бештар ба ояти 70-уми сураи «Аъроф» ва ба ояти 32-юми сураи «Анфол» муроҷиъат шавад. Аммо қавми Солеҳ (а) дар фикри қабули ин насиҳат набуда ба Солеҳ (а)…
Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «