Тафсири Сураи Намл Ояти 51 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Намл Ояти 51
فَانْظُرۡ كَيۡفَ كَانَ عَاقِبَةُ مَكۡرِهِمۡۙ اَنَّا دَمَّرۡنٰهُمۡ وَقَوۡمَهُمۡ اَجۡمَعِيۡنَ ٥١
Фанзур кайфа кана ъақибату макриҳим анна даммарнаҳум ва қавмаҳум аҷмаъӣн. 51.
51. Пас, бингар, чӣ гуна буд саранҷоми ҳилаи онҳо, ки Мо онҳоро ва қавми онҳоро ҳама як ҷо ҳалок кардем.
Худованд дар ин оят хабар додааст, ки ай мухотаб, бингар он нуҳ нафарро, ки натиҷаи макрашон онҳоро то куҷо кашид. Бингар ки мо чӣ гуна ҳамаи онҳоро як ҷо нобудашон кардем. Бо истифода аз оятҳое, ки дар бораи қиссаи Солеҳ (а) дар дигар сураҳо омадаанд, он нуҳ нафар писарони сарони қабилаҳои шаҳри Ҳиҷр буда, худашон низ сарони гурӯҳакҳои фасодкорои рӯйи замин буданд. Локин онҳо алайҳи Солеҳ (а) ва тобеъони ӯ (а), ки ҳама муъмину мусалмон буданд, натавонистанд то охир мубориза баранд ва ба мақсади худ расанд. Барои ибрати дигарон ҳамаи онҳоро Худованд намунавор несту нобуд сохт ва касе аз онҳо наҷот наёфт, Худованд рӯйи заминро аз гурӯҳаки фасодкор тоза сохт.
Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «