Тафсири Сураи Намл Ояти 57 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Намл Ояти 57
فَاَنۡجَيۡنٰهُ وَ اَهۡلَهٗۤ اِلَّا امۡرَاَتَهٗ قَدَّرۡنٰهَا مِنَ الۡغٰبِرِيۡنَ ٥٧
Фа анҷайнаҳу ва аҳлаҳу илламра-атаҳу қаддарнаҳа мина-л-ғобирӣн. 57.
57. Пас, наҷот додем ӯро ва аҳли ӯро, магар занаш, ки муъайян кардем ӯро аз боқимондагон.
Вақте расид, ки бояд рӯйи замин аз чунин фасодкорон қавми Лут (а) пок бошад. Худованд дар ин оят гуфт, ки Мо аз он балое, ки бар сари онҳо фиристодем, Лут (а) ва аҳли байти ӯро ба ғайри ҳамсараш, ки дар тақдираш аз боқимондагон (ҳалок шудагон) навишта шуда буд, наҷот додем ва он балои мудҳиш ҳамаро ба коми худ фурӯ кашид.
Ибни Касир (р) гуфтааст: «Зани Лут (а) барои он дар гурӯҳи ҳалокшудагон ҳамроҳ шуд, ки ӯ аз кори қавм розӣ буд. Ҳамин ки ба хонаи Лут (а) меҳмон меомад, ӯ қавми бадкорро огоҳ мекард».
Дар ривоятҳо омадааст, ки Лут (а) муддати сӣ (30) сол қавми худро таблиғ кард, вале ҷуз хонаводааш, он ҳам, бо истиснои ҳамсараш, ки бо мушрикон ҳамақида буд ва ба ӯ (а) имон надошт, дигарон имон наоварданд.
Хулоса, Лут (а) бо аҳли худ дар шаби муъайяне, ки дар саҳарӣ он бояд қавм несту нобуд шаванд, бо иродаи Худованд дар ҳаракат шуд. Баъди чанде роҳ рафтан ҳамсараш ба қафо баргашт ва ба он қавми фасодкор пайваст ва ҳалок шуд.
Барои маълумоти бештар ба оёти 77-83-уми сураи «Ҳуд (а)» муроҷиъат шавад.
Ояти зер ин достонро идома медиҳад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «