Сураи Намл Ояти 56 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Намл Ояти 56 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Намл Ояти 56

۞ فَمَا كَانَ جَوَابَ قَوۡمِهٖۤ اِلَّاۤ اَنۡ قَالُـوۡۤا اَخۡرِجُوۡۤا اٰلَ لُوۡطٍ مِّنۡ قَرۡيَتِكُمۡ‌ۚ اِنَّهُمۡ اُنَاسٌ يَّتَطَهَّرُوۡنَ ٥٦

۞ Фа ма кана ҷаваба қавмиҳи илла ан қолу ахриҷу ала Лути-м мин қарятикум. Иннаҳум унпсу-н ятатаҳҳарун. 56.

56. Пас, набуд ҷавоби қавми ӯ, магар он ки гуфтанд: «Берун кунед аз деҳаи хеш аҳли хонаи Лутро, ҳаройина, онҳо мардумеанд, ки покӣ металабанд».

Чун Лут (а) қавми худро, то ин ки аз ин гуноҳи шармовар даст кашанд, насиҳат мекард, онҳо дар посух ҳеҷ сухан ёфта натавониста, бо қабеҳтарин узр гуфтанд, ки Лут ва оли ӯ ва пайравони ӯро аз шаҳратон бадар кунед, зеро онҳо дар ин кор ба шумо ҳамроҳӣ намекунанд, онҳо мардумеанд, ки покизаҷӯиро пеш гирифтаанд. Во аҷабо! Аз фикру андешаи ин мардуми пасту разил, ки дар ифлосӣ худашон ғӯтаваранду боз мардуми покизаро масхара мекунанд ва фикр мекунанд касоне, ки дар ин кори нангину шармовар ба онҳо ҳамроҳ нашаванд, бояд ба бадарға кардан аз ватан ҷазо дода шаванд.

Хулоса, покдоманӣ назди онҳо айби бузург буд. Табиъист, шахсони аз корҳои бад ва нӯшидани машрубот ва ғайра парҳездоштаро шахсони бефаросат, инсонҳои бемаданияту қафомонда ҳисобида, мехоҳанд дар байнашон чунин шахсон набошанд. Худованд натиҷаи одати бади ингуна қавмро дар ояти зер чунин гуфтааст:


Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Намл Ояти 55 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Намл Ояти 57 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)