Сураи Намл Ояти 58 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Намл Ояти 58 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Намл Ояти 58

وَاَمۡطَرۡنَا عَلَيۡهِمۡ مَّطَرًا‌ۚ فَسَآءَ مَطَرُ الۡمُنۡذَرِيۡنَ ٥٨

Ва амтарна ъалайҳим-м матаро. Фа саа матару-л-мунзарӣн. 58.

58. Боронидем бар сари онҳо бороне, пас, бад аст борони тарсонидашудагон.

Лут (а) қавми худро барои тарки кори фаҳшу шармоварашон қаблан ҳушдор дода буд, локин ҳеҷ набуд, ки онҳо ислоҳ шаванд. Дар охир Худованд болои он ҳушдордодашудагон бадтарин борони бади худро боронид. Агар шахсе, ки қаблан шаҳру диёри онҳоро надида буд, ба он минтақа гузар мекард, намефаҳмид, ки зери ин сангтеппаҳо қаблан шаҳр ё диёре буд ё на? Агар имконияти дидан мешуд, ҳолати онҳоро бисёр ногувору бисёр ваҳшатнок медид. Яъне дар аввал зилзилае диёри онҳоро зеру забар кард, сипас болои онҳо борони бад боронида шуд!

Хулоса, бо услуби ин сура, мухтасаран шарҳи достони панҷ пайғамбари бузурги илоҳӣ, аз он ҷумла Мӯсо (а), Солеҳ (а), Лут (а), Сулаймон (а), Довуд (а) гузашт. Ҳоло ояти зер, хитоб ба Расулаллоҳ (с) буда, Худованд фармудааст, ки…


Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Намл Ояти 57 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Намл Ояти 59 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)