Сураи Намл Ояти 59 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Намл Ояти 59 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Намл Ояти 59

قُلِ الۡحَمۡدُ لِلّٰهِ وَسَلٰمٌ عَلٰى عِبَادِهِ الَّذِيۡنَ اصۡطَفٰىؕ ءٰۤللّٰهُ خَيۡرٌ اَمَّا يُشۡرِكُوۡنَؕ ٥٩

Қули-л-ҳамду лиллаҳи ва саламун ъала ъибадиҳи-л-лазӣнастафа. Аллоҳу хайрун амма юшрикун. 59.

59. Бигӯ: «Сипос Худойрост ва салом ба он бандагони Ӯ, ки онҳоро баргузидааст. Оё Худо беҳтар аст ё он чӣ шарик меоранд?».

Худованд дар ин оят Расулаллоҳ (с)-ро хитоб намуда гуфтааст, ки эй Муҳаммад (с), бигӯ ҳамду ситоиш мар он Худойро бошад, ки қавмҳои саркаши бешарму касофату муфсидро (қавми Лут (а), Самуд ва Фиръавн ва ғайраро), то ин ки рӯйи замин пок гардаду роҳу расмашон боқӣ намонад ва мабодо домони олудаи онҳо саросари оламро фаро нагирад ва дигарон одат накунанд, намунавор нобудашон сохт. Ҳамду ситоиш он Худойро, ки ба бандагони Худ, Довуду Сулаймон (а) чунон қудрат ва имонро ато фармуд, ки ба воситаи онҳо қавми Саборо ҳидоят фармуд.

Сипас, Худованд гуфт, ки салом ва дуруд бар Мӯсо (а) ва бар Солеҳ (а) ва бар Лут (а) ва бар Сулаймон (а) ва бар Довуд (а) ва бар ҳама анбиё (а) ва ба пайравони ростини онҳо. Дар ҷумлаи охир Худованд ба саволи инкорӣ, ки аз худи савол ҷавобаш маълум аст, фармуд, ки оё Худованде, ки тавони додани ин қадар неъматҳоро дорад, беҳтар аст ё бутҳое, ки аз дасти онҳо ҳеҷ чиз намеояд беҳтаранд?

Хулоса, аз достони пайғамбароне, ки зикрашон гузашт, фаҳмида шуд, ки ҳангоме ки бар сари қавми онҳо бало омад, бутҳояшон камтарин кӯмаке ба бутпарастон расонида натавонистанд. Аз ин оят хулоса мешавад, ки пеш аз оғози сухан «Алҳамду лиллоҳ» гуфта шавад ва ба пайғамбарон (а) дуруду салом бояд фиристода шавад. Аз ҳамин ҷиҳат аст, ки қориён баъди хатми оятҳои Қуръон се ояти охири сураи «Вассофат»-ро изофа мекунанд, ки муқтазои ояти мазкур дар онҳо дида мешавад. Валлоҳу аълам.

Саволи дуюм дар ояти зер оғоз мешавад, ки аз худи савол ҷавобаш низ маълум аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Намл Ояти 58 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Намл Ояти 60 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)