Тафсири Сураи Намл Ояти 60 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Намл Ояти 60
اَمَّنۡ خَلَقَ السَّمٰوٰتِ وَالۡاَرۡضَ وَاَنۡزَلَ لَـكُمۡ مِّنَ السَّمَآءِ مَآءً ۚ فَاَنۡۢبَتۡنَا بِهٖ حَدَآٮِٕقَ ذَاتَ بَهۡجَةٍ ۚ مَا كَانَ لَـكُمۡ اَنۡ تُـنۡۢبِتُوۡا شَجَرَهَا ؕ ءَاِلٰـهٌ مَّعَ اللّٰهِ ؕ بَلۡ هُمۡ قَوۡمٌ يَّعۡدِلُوۡنَ ٦٠
Амман халақа-с-самавати ва-л-арЗа ва анзала лакум-м мина-с-самаи маан фа анбатна биҳӣ ҳадаиқа зата баҳҷати-м ма кана лакум ан тунбиту шаҷараҳа. А-илаҳум маъаллоҳ. Бал ҳум қавму-н яъдилун. 60.
60. Оё кист, ки биёфарид осмонҳо ва Заминро ва фуруд овард барои шумо аз Осмон обро? Пас, рӯёнидем ба сабаби он бӯстонҳои тозаро, имкон набуд шуморо, ки бирӯёнед дарахтҳои онро, оё маъбуде ҳаст бо Худо? Балки онҳо гурӯҳеанд, ки каҷ мераванд.
Худовнади мутаъол дар офариниши ризқу рӯзӣ ва дар тадбири корҳои махлуқоти Худ якка ва ягона аст. Ҳоло дар ин оят гуфтааст, ки оё бутҳо ва сохтахудоҳои шумо беҳтаранд ё Зоте, ки осмонҳо ва Заминро офарид ва барои шумо аз осмон обе фиристод, ки ба сабаби он об боғҳои зебову хуррамро рӯёнид, ҳол он ки шумо қудрат надоштед, то дарахтони ин боғҳои зеборо бирӯёнед? Ин ҳақиқатро ҳеҷ кас инкор карда наметавонад, ки дар рӯёнидани зироъатҳо танҳо амали инсон кишт, нигоҳу бин ва обёрист. Аммо дар дохили тухмӣ офаридани имконияти ҳаёт ва бо нури Офтобу бо қатраҳои борон (ё об) ва зарраҳои хок аз тухм ё донак рӯёнидани растанӣ ё дарахт фақат кори Худованди яктост. Оё маъбудҳои ботили мушрикон дар чунин корҳо бо Худованд ширкат карда метавонанд? Ҳаргиз! Вале бутпарастон, гурӯҳе ҳастанд каҷрав ва аз рӯйи нодонӣ махлуқоти Худовандро ҳамрадифу ҳаммонанди ӯ қарор медиҳанд. (Наъузубиллоҳ).
Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «