Тафсири Сураи Намл Ояти 61 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Намл Ояти 61
اَمَّنۡ جَعَلَ الۡاَرۡضَ قَرَارًا وَّجَعَلَ خِلٰلَهَاۤ اَنۡهٰرًا وَّجَعَلَ لَهَا رَوَاسِىَ وَجَعَلَ بَيۡنَ الۡبَحۡرَيۡنِ حَاجِزًا ؕ ءَاِلٰـهٌ مَّعَ اللّٰهِ ؕ بَلۡ اَكۡثَرُهُمۡ لَا يَعۡلَمُوۡنَ ٦١
Ам ман ҷаъала-л-арЗа қарара-в ва ҷаъала хилалаҳа анҳара-в ва ҷаъала лаҳа равасия ва ҷаъала байна-л-баҳрайни ҳаҷиза. А-илаҳум маъаллоҳ. Бал аксаруҳум ла яъламун. 61.
61. Оё кист он, ки Заминро қароргоҳ сохт ва дар миёни Замин ҷӯйҳо пайдо кард ва барои Замин кӯҳҳоро биёфарид ва миёни ду дарё (баҳр) ҳиҷобро биёфарид? Оё бо Худо Худои дигаре ҳаст? Балки бештари онҳо намедонанд.
Дар саволи дувум, Худованд мушриконро бо таҳдид, мавриди хитоби худ қарор дода, гуфтааст, ки эй мушрикон, оё сохтахудоҳои шумо беҳтаранд ё Зоте, ки заминро тавре ҳамвор қарор дод, ки чун қароргоҳ, (гӯё Замин давр намезанад), болои он зиндагонӣ кардан мумкин шуд? Ҳол он ки Замин дар атрофи меҳвари худ ва гирди Офтоб якнавохт дар ҳаракат аст. Аммо Худованд онро чунон ором гардонидааст, ки давр задани он эҳсос намешавад. Илова бар ин, Худованд ҷӯйҳо ва наҳрҳоро болои он пайдо кард, ки шабу рӯз оби онҳо дар ҷараён аст. Ҳамчунин барои ором нигоҳ доштани сатҳи Замин аз ларзиши таркишҳои дохили он кӯҳҳоро офарид. Бо тадқиқоти илми муосир исбот шудааст, ки решаҳои кӯҳҳо дар зери замин, чун занҷири пурқувват бо ҳам пайвастаанд. Онҳо бо вазни худ, бо қувваи фишорҳои дохилӣ ба мувозанат омада сатҳи Заминро то ҳадде ором нигоҳ медоранд.
Аллоҳ таъоло Зотест, ки тавонистааст байни ду баҳр яке шӯр, дигаре ширин, ки ҳарду паҳлуи ҳаманд, пардаи нозуки диданашаванда биофарид, ки обҳо бо ҳам омехта нашаванд. (Оё чунин Зот беҳтар аст ё сохтахудоҳои шумо?).
Хулоса, собит шуд, ки ғайри Худои субҳон каси дигаре ба чунин корҳо тавоноӣ надорад. Дар баробари Ӯ худои сохтае вуҷуд надорад, ки монанди Ӯ таъоло чизеро биёфараду қудрати суду зиён расонидан дошта бошад. Пас, аксари касоне, ки чунин далелҳоро намефаҳманд, дониши казоӣ надоранд. Барои маълумоти бештар ба ояти 3-юми сураи «Раъд» ва ояти 53-юми сураи «Фурқон» ва ба ояти 19-уми сураи «ар-Раҳмон» муроҷиъат шавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «