Тафсири Сураи Намл Ояти 63 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Намл Ояти 63
اَمَّنۡ يَّهۡدِيۡكُمۡ فِىۡ ظُلُمٰتِ الۡبَرِّ وَ الۡبَحۡرِ وَمَنۡ يُّرۡسِلُ الرِّيٰحَ بُشۡرًۢا بَيۡنَ يَدَىۡ رَحۡمَتِهٖؕ ءَاِلٰـهٌ مَّعَ اللّٰهِؕ تَعٰلَى اللّٰهُ عَمَّا يُشۡرِكُوۡنَؕ ٦٣
Ам ма-н яҳдӣкум фӣ зулумати-л-барри ва-л-баҳри ва ма-н юрсилу-р рийаҳа бушран байна ядай раҳматиҳ. А-илаҳум маъаллоҳ. Таъалаллоҳу ъамма юшрикун. 63.
63. Кист он ки роҳ менамояд шуморо дар торикиҳои биёбон ва дарё ва кист он ки мефиристад бодҳоро муждадиҳанда, пешопеши раҳмати Худ? Оё бо Худо маъбуди дигаре ҳаст? Худо аз он бартар аст, ки шарик мегиранд.
Дар чаҳорумин савол масъалаи ҳидоят матраҳ шуда, Худованд фармудааст, ки оё ин бутҳои шумо беҳтаранд ё Зоте, ки шуморо дар торикии шаб дар саҳро ва ё дар биёбон ва ё дар дарёҳо бо василаи ситорагон ҳидоят мекунад ва шумо дар масири худ хато накарда, ба сӯйи маскани мақсуди худ дар ҳаракат мешавед? Кист, ки бодҳоро пешопеши борони раҳмати Худ ҳамчу муждадиҳанда аз омадани борон мефиристад? Оё бутҳои шумо ё Зоти бешарику бе ҳамто?
Бори дигар мушриконро мухотаб қарор дода, Худованд ба саволи инкорӣ гуфтааст, ки бо ин ҳама ҳамроҳи Худованди ягона худои дигаре ҳаст, ки падидҳои аҷоибро ба миён орад? Сипас, бе он ки мунтазири ҷавоби мушрикон шавад, фармудааст, ки Худованд аз он чӣ мушрикон барои Ӯ чизеро шарик қарор медиҳанд, бартару болотару муқаддасу муназзаҳ аст. Барои маълумоти бештар ба ояти 57-уми сураи «Аъроф» муроҷиъат шавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «