Тафсири Сураи Намл Ояти 67 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Намл Ояти 67
وَقَالَ الَّذِيۡنَ كَفَرُوۡۤا ءَاِذَا كُنَّا تُرٰبًا وَّاٰبَآؤُنَاۤ اَٮِٕنَّا لَمُخۡرَجُوۡنَ ٦٧
Ва қола-л лазӣна кафару а-иза кунна туроба-в ва абауна а-инна ламухраҷун. 67.
67. Ва кофирон гуфтанд: «Оё чун хок шавем ва падарони мо низ, оё берун оварда мешавем?
Дар шакку тардид будани мушрикону кофирон дар ҳама аср вуҷуд дорад. Хусусан дар асри Расулаллоҳ (с) чунин афроде буд, ки чун аҳволи қиёматро аз Расулаллоҳ (с) мешуниданд мегуфтанд, ки оё ҳангоме ки мо ва падарони мо хок шудем, боз ҳам аз зери хок зинда берун хоҳем шуд? На! Ин ҳодисаро ақли мо қабул намекунанд, ҳеҷ мумкин нест, ки инсон мураду хок шаваду боз дубора зинда шавад.
Хулоса, мушрикон бо андозаи ақлашон қаноъат карда, ба нишонаҳои қиёмат, ки дар рӯйи Замин паи ҳам вуҷуд доранд, эътибор намедиҳанд.
Барои маълумоти бештар ба оёти 47-48-уми сураи «Воқеъа» муроҷиат шавад. Ояти зер ин муқаддимаро идома медиҳад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «