Сураи Намл Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Намл Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Намл Ояти 7

اِذۡ قَالَ مُوۡسٰى لِاَهۡلِهٖۤ اِنِّىۡۤ اٰنَسۡتُ نَارًاؕ سَاٰتِيۡكُمۡ مِّنۡهَا بِخَبَرٍ اَوۡ اٰتِيۡكُمۡ بِشِهَابٍ قَبَسٍ لَّعَلَّكُمۡ تَصۡطَلُوۡنَ ٧

Из қола Муса ли аҳлиҳи инни анасту наран саатӣкум-м минҳа би хабарин ав атӣкум би шиҳабин қабаси-л лаъаллакум тасталун. 7.

7. Ба ёд ор, он гоҳ, ки Мӯсо ба аҳли худ гуфт: «Ҳаройина, ман оташе дидам, аз он барои шумо хабаре хоҳам овард ё бароятон ахгаре хоҳам овард, бошад, ки худро гарм кунед».

Худованд дар ин оят ба Пайғамбари Худ, Муҳаммад (с), амр кард, ки эй Муҳаммад (с), ба ёд ор ҳангомеро ки Мӯсо (а) аз шаҳри Мадян ҳамроҳи ҳамсараш ба шаҳри Миср боз мегашт, дар роҳ ба аёли худ гуфт, ки ба назари ман оташе намудор шуд, шумо инҷо бимонед, то ман равам, аз он ҷо хабари дурустии роҳро биёбам, ё ахгаре аз оташ бароятон биёрам, бошад, ки бо он оташ афрӯхта, худро гарм созед. Дар ривоятҳо омадааст, ки Мӯсо (а) бо аҳлу байти худ ба қасди Миср шаҳри Мардянро тарк кард. Дар ҳолати сафар рӯз бегоҳу торикии шаб ҳукмфармо шуд. Шаб хело хунук буд, болои ин роҳро гум карданд, илова бар ин ҳамсарашро дарди таваллуди фарзанд гирифт. Аз дур рӯшноиеро, ки ҷониби самти кӯҳи Тур буд дид ва ба аҳлу аёли худ гуфт, ки шояд назди рӯшноӣ инсоне бошад, ман ба назди он равшанӣ раваму аз онҳо роҳро пурсам ё ин ки ҳеҷ набошад, ахгаре аз он оташ барои шумо биёрам, то шуморо оташи афрӯхта, аз газанди сармо худро гарм нигоҳ доред. Чунин суханҳоро Мӯсо (а) гуфту ба тарафи рӯшноӣ қадам гузошт…


Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Намл Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Намл Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)