Сураи Намл Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Намл Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Намл Ояти 8

فَلَمَّا جَآءَهَا نُوۡدِىَ اَنۡۢ بُوۡرِكَ مَنۡ فِى النَّارِ وَ مَنۡ حَوۡلَهَا ؕ وَسُبۡحٰنَ اللّٰهِ رَبِّ الۡعٰلَمِيۡنَ‏ ٨

Фа ламма ҷааҳа нудия ан бурика ман фи-н-нари ва ман ҳавлаҳа ва субҳаналлоҳи Рабби-л-ъаламӣн. 8.

8. Пас, чун ба оташ расид, ба ӯ нидо дода шуд, ки касеро, ки дар оташ аст ва касеро, ки атрофи вай аст, «баракат дода шуд ва покӣ Худойрост, ки (Ӯ) Парвардигори оламҳост.

Чун Мӯсо (а) ба назди шуълае, ки ба гумонаш оташ аст, расид, дид, ки он оташ дар канори дарахтасту оташи оддӣ нест, балки торафт шуъои он зиёд шуда истодааст, аммо дарахтро намесӯзонад, баръакс дарахт торафт сабзишу нашъу намояш зиёд мешавад, дар ҳайрат монд. Чун сари худро ба сӯйи осмон баланд кард, ба ногоҳ дид, ки нури он оташ ба авҷи осмон расидааст. Фаҳмид, ки он оташ не, балки танҳо як нур аст. Ҳамзамон аз ҷониби боло, аз ноҳияи кӯҳи Тур нидое шунид, ки касе ки дар оташ аст ва касе ки атрофи он оташ аст, хуҷаставу муборак гардид. Яъне Мӯсо (а) ва касоне (фариштагоне) ки атрофии ӯянд мубораканд. Мӯсо (а) аз мушоҳидаи он манзара ба шигифт омад. Дар охири оят Худованд фармуд, ки покӣ Худойрост, ки Ӯ Парвардигори оламҳост…

Ояти зер ин муқаддимаро идома медиҳад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Намл Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Намл Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)