Сураи Намл Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Намл Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Намл Ояти 6

وَاِنَّكَ لَـتُلَـقَّى الۡقُرۡاٰنَ مِنۡ لَّدُنۡ حَكِيۡمٍ عَلِيۡمٍ ٦

Ва иннака ла тулаққа-л-Қур-ана ми-л ладун ҳакӣмин Ъалӣм. 6.

6. Ва ҳаройина, ин Қуръон аз назди Худои сутудакору доно ба ту дода мешавад.

Ояти мазкур ишораҳои оятҳои қаблиро такмил бахшида, барои достонҳои пайғамбароне, ки қиссаи онҳо дар ин сура дарҷ гардидааст, муқаддима аст. Дар оғоз Худованд фармудааст, ки эй Муҳаммад (с), мусаллам аст, ки ин Қуръонро фақат аз назди Худованде, ки сутудакорасту ҳакиму доност, дарёфт мекунӣ. Онро бар дили ту Зоте илҳом (яъне, ба тариқи ваҳйи нозил) мекунад, ки дар амру наҳйи худ соҳибҳикмат ва ба ҳар кори кӯчаку бузург доност. Пас, ҳар хабаре, ки дар ин Қуръон ҳасту ба Ту мерасад, дурӯғ нест, ростасту ҳама ҳукмҳои он бо адл аст.

Хулоса, вақто ки Қуръон аз сӯйи Парвардигори алиму ҳаким нозил мешавад, барои муъминон мояи ҳидоят ва башорат ба Ҷаннат аст ва достонҳои ӯ аз таҳрифу хурофот холист.

Ҳоло ба таври намуна барои шахсоне, ки ба охират имон надоранд, Худованд суханро аз қиссаи Мӯсо (а) ва аз корнамоиҳои ӯ (а) оғоз намуда чунин гуфтааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Намл Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Намл Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)