Тафсири Сураи Намл Ояти 80 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Намл Ояти 80
اِنَّكَ لَا تُسۡمِعُ الۡمَوۡتٰى وَلَا تُسۡمِعُ الصُّمَّ الدُّعَآءَ اِذَا وَلَّوۡا مُدۡبِرِيۡنَ ٨٠
Иннака ла тусмиъу-л мавта ва ла тусмиъу-с-сумма-д-дуъаа иза валлав мудбирӣн. 80.
80. Ҳаройина, ту каронро, вақте ки пушт дода рӯ бигардонанд, садои худро шунавонида наметавонӣ.
Дар ин оят зимнан тасалии Парвардигор барои Расулаллоҳ (с) мавҷуд буда, дар айни ҳол касоне ки аз даъвати Ислом рӯйи мегардонанд, ба шахсони мурда ва ба шахсони кару кӯри пуштгардонидаи дур, ки ба онҳо расонидани овоз имкон надорад, ташбеҳ шудааст. Чунин савол шуданаш мумкин, ки агар Қуръон ошкору ҳаққаст, пас, чаро баъзе аз мардум мухолифат мекунанд? Ояти мазкур, валлоҳу аълам, ҷавобгӯи ин савол буда, Худованд ба Расули Худ (с) фармуд, ки агар сухани шумо дар дили онҳо таъсир накунад ва ин оятҳои қуръонӣ, ки ҳақ будани онҳо ошкор аст, қобили қабули онҳо нашаванд, ҷои таъаҷҷуб нест, зеро онҳо мисли мурдагонанд. Ту сухани худро ба касоне расонида метавонӣ, ки онҳо рӯҳан ва дар асл зиндаанд ва толиби шунидани ҳақиқатанд. Зиндаҳои мурданамову мутаъассиб ба кароне монанданд, ки пушт сӯйи мухотаби худ қарор гардонид. Агар шахси шунаванда кар бошад, илова бар ин, боз пушт гардонида бошад, оё садои мухотаби худро мешунавад? Ҳаргиз!
Барои маълумоти бештар ба ояти 24-уми сураи «Анфол» муроҷиъат шавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «