Тафсири Сураи Намл Ояти 81 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Намл Ояти 81
وَمَاۤ اَنۡتَ بِهٰدِى الۡعُمۡىِ عَنۡ ضَلٰلَتِهِمۡؕ اِنۡ تُسۡمِعُ اِلَّا مَنۡ يُّؤۡمِنُ بِاٰيٰتِنَا فَهُمۡ مُّسۡلِمُوۡنَ ٨١
Ва ма анта би ҳади-л-ъумйи ъан Залалатиҳим. Ин тусмиъу илла ма-н юъмину би айатина фа ҳум муслимун. 81.
81. Нестӣ ту роҳнамояндаи кӯрон, то аз гумроҳии хеш бозоянд. Намешунавонӣ, магар касеро, ки ба оятҳои Мо имон овардааст. Пас, ин ҷамоъат гарданниҳандагонанд.
Худованд дар ояти қаблӣ шахсонеро ки ба Қуръон ҳидоят намешаванд, ба ҷасади шахси мурда ва ё ба шахси зиндаи кари пуштгардонида монанд кард. Ҳоло дар ин оят чунин шахсонро Худованд ба шахси кӯр низ ташбеҳ карда, Расули Худ (с)-ро фармуд, ки агар чунин афрод лоақал чашми бино медоштанд, метавонистӣ он чиро ки Худо аз бандагони Худ мехоҳад, ба онҳо бо ишора роҳи ростро мефаҳмондӣ ва аз гумроҳӣ онҳоро боз медоштӣ. Акнун, ки тамоми роҳҳои ҳақ ба рӯйи онҳо баста шуд, гӯё қалбҳояшон мурда, гӯшҳояшон кар, чашмҳояшон нобино аст, ту онҳоро ҳидоят карда наметавонӣ. Ту суханҳои ҳаққи худро танҳо ба гӯши касоне расонида метавонӣ, ки онҳо мусалмонанд, ба оятҳои Мо имон доранд ва дар баробари ҳақ ва оятҳои Парвардигор таслиманд. Мерасад рӯзе, ки бо шахсони кофир ҳисобу китоб шавад.
Хулоса, дар истилоҳи Қуръон касоне ки дар шаҳват фурӯ рафтаанд, дар саҳнаи офариниш осори бо азамат будани Парвардигорро мушоҳида намекунанд, дар зоҳир зинда бошанд ҳам, аммо дар маъно ба мурда монанданд. Касоне ки имон оварданд ва мувофиқи шариъати ислом зиндагӣ карданд осорашон ҷаҳонро фаро гирифтааст ва мардум аз онҳо пайравӣ мекунанд, онҳо дар зоҳир мурда бошанд ҳам, дар маъно ҷовидон зиндаанд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «