Тафсири Сураи Намл Ояти 83 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Намл Ояти 83
وَ يَوۡمَ نَحۡشُرُ مِنۡ كُلِّ اُمَّةٍ فَوۡجًا مِّمَّنۡ يُّكَذِّبُ بِاٰيٰتِنَا فَهُمۡ يُوۡزَعُوۡنَ ٨٣
Ва явма наҳшуру мин кулли умматин фавҷа-м мим ма-й юказзибу би айатина фа ҳум йузаъун. 83.
83. Ва он рӯз, ки Мо аз ҳар уммат тоифаеро аз онҳо, ки оятҳои Моро дурӯғ мешуморанд, барангезем, пас, аз онҳо баъзеро то расидани баъзе (то ҷамъ шаванд) боздошт карда мешаванд.
Худованд дар ин оят ба дигар саҳнаи рӯзи растохез ишора карда, гуфтааст, ки ай Муҳаммад (с), ба ёд ор он рӯзеро, ки мо аз ҳар уммат касонеро, ки оятҳои моро дурӯғ меҳисобиданд, маҳшур (зинда) мекунем, то ин ки онҳо ҳама бо ҳам ҷамъ шаванд, дар маконе онҳоро нигоҳ медорем, онҳо аз ояндаи худ нигарон мешаванд.
Хулоса, рӯзе фаро мерасад, ки Худованд чунин қавмро маҳшур мекунад ва онҳоро барои муҷозоти амалҳояшон омода месозад. Ояти зер ин муқаддимаро идома медиҳад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «