Тафсири Сураи Намл Ояти 85 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Намл Ояти 85
وَوَقَعَ الۡقَوۡلُ عَلَيۡهِمۡ بِمَا ظَلَمُوۡا فَهُمۡ لَا يَنۡطِقُوۡنَ ٨٥
Ва вақаъа-л-қавлу ъалайҳим би ма заламу фаҳум ла янтиқун. 85.
85. Ва бо сабаби ситам кардани онҳо ваъдаи азоб бар онҳо собит шуд. Пас, он ҷамоъат сухан нагӯянд.
Ояти мазкур давоми ояти қаблӣ буда, Худованд хабар додааст, ки дар муқобили ингуна саволҳо маълум аст, ки ин гунаҳгорон ҳеҷ посухе надоранд. Сипас, барои онҳо бо сабаби ситаме, ки варзиданд, фармони азоби Илоҳӣ содир мешавад, дигар онҳо ҳеҷ сухан надоранд, дошта бошанд ҳам, ҷои сухан гуфтан барои онҳо боқӣ намондааст ва чуну чаро гуфта ҳам наметавонанд. Онҳо ба худ чӣ ситам кардаанд, қисман дар оятҳои қаблӣ гузашт. Муфассирон гуфтаанд, ки ситами дигаре, ки онҳо бар худ раво диданд, мувофиқи мазмуни ояти мазкур ширк бо Худост. Ширк овардан ба Худо аз бузургтарин ситам аст, ки лозим будани азобро бар худ воҷиб мегардонад ва аз мушрик дар он ҳолат дигар узре қабул намешавад. Валлоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «