Тафсири Сураи Намл Ояти 84 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Намл Ояти 84
حَتّٰٓى اِذَا جَآءُوۡ قَالَ اَكَذَّبۡتُمۡ بِاٰيٰتِىۡ وَلَمۡ تُحِيۡطُوۡا بِهَا عِلۡمًا اَمَّاذَا كُنۡتُمۡ تَعۡمَلُوۡنَ ٨٤
Ҳатта иза ҷау қола аказзабтум би айатӣ ва лам туҳӣту биҳа ъилман амма за кунтум таъмалун. 84.
84. Чун, вақте ки ҳозир оянд, Худо ба онҳо гӯяд: «Оё оятҳои Маро дурӯғ шуморидед? Ҳол он, ки аз рӯи дониш онро дар бар нагирифта будед. Ё чӣ кор мекардед, ки оятҳоро андеша накардед?!».
Чун онҳоро саранҷом ба майдони ҳисобгоҳ назди Худованд меоранд, Худованд бо таҳдид ба онҳо мегӯяд, ки Мо оятҳои Худро бар пайғамбарони Худ фиристодем ва ба онҳоро амр карда будем, то ин ки ба шумо онҳоро расонанд, онҳо расониданд, чаро оятҳои Моро дурӯғ шуморидед? Илми шумо барои дарки маънои оятҳо Мо кофӣ набуд, чаро қабл аз он ки маънои оятҳоро фаҳму таҳқиқ кунед, бовар накардед? Шумо дар тӯли зиндагии худ ба чӣ кор машғул будед, ки аз дарку андешаи маънои оятҳои Мо дар ғафлат мондед?
Аз раванди маънои оят маълум мешавад, ки азоби кӯбанда қатъан барои чунин афрод фуруд меояд. Ояти зер эзоҳи ояти қаблиро, иншоаллоҳ, пурра месозад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «