Тафсири Сураи Намл Ояти 86 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Намл Ояти 86
اَلَمۡ يَرَوۡا اَنَّا جَعَلۡنَا الَّيۡلَ لِيَسۡكُنُوۡا فِيۡهِ وَالنَّهَارَ مُبۡصِرًا ؕ اِنَّ فِىۡ ذٰلِكَ لَاٰيٰتٍ لِّـقَوۡمٍ يُّؤۡمِنُوۡنَ ٨٦
Алам ярав анна ҷаъална-л-лайла ли яскуну фӣҳи ва-н-наҳара мубсиро. Инна фӣ залика ла айати-л ли қавми-й юъминун. 86.
86. Оё надидаанд, ки Мо шабро пайдо кардаем, то дар он биороманд ва рӯзро равшан кардаем? Ҳаройина, дар ин амр барои қавме, ки боварӣ доранд, нишонаҳост.
Он шахсоне, ки сифаташон дар оятҳои қаблӣ гузашт, ҳар сари қадам нишонаҳои холиқ будани Парвардигорро мебинанд, ки пайи ҳам истодаанд, чаро эътибор намедиҳанд? Хайр, бигзор онҳоро надиданд, оё надиданд, ки Худованд шабро барои оромиш ва барои хоби онҳо торик қарор дод, ки дар он меосоянд ва рӯзро барои ёфтани ризқу рӯзӣ равшан гардонид? Агар онҳо эътибор медоданд, шармандаи рӯзи қиёмат намешуданд. Онҳо бояд медонистанд, ки шабу рӯзро Худованд беҳуда наофаридааст. Албатта, аз ин панду андарзҳо мардуме, ки имон доранд, ибрат мегиранд.
Оятҳои зер аз ҳодисаҳое, ки дар он рӯз рух медиҳанд, сухан мекунанд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «