Тафсири Сураи Намл Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Намл Ояти 9
يٰمُوۡسٰۤى اِنَّـهٗۤ اَنَا اللّٰهُ الۡعَزِيۡزُ الۡحَكِيۡمُۙ ٩
Йа Муса иннаҳу аналлоҳу-л-Ъазӣзу-л-ҳакӣм. 9.
9. Эй Мӯсо, ҳаройина, ман Худои ғолибу боҳикмат ҳастам!
Баъд аз он ки Мӯсо (а) аз тарафи боло садое шунид, бори дигар Мӯсо (а) нидои дигаре ҳам шунид, ки Худованд гуфт, ки эй Мӯсо! Ман Худои азизу ҳакимам ва манам, ки бо ту дар сухан шудам. Дар ривоятҳо омадааст, ки чун Мӯсо (а) он садои аввалро шунид, гуфт: «Парвардигоро! Чӣ касе ҳаст, ки маро нидо мекунад?». Дар посух Худованди раҳмон гуфт: «Ин манам Худои азизу ҳаким, ки бо ту дар сухан шудам, на шӯълаи оташ ва на он дарахти сабз». Пас аз шунидани ин суханҳо тамоми шакку тардид аз Мӯсо (а) дур шуд. Хитоби Худованд ба Мӯсо (а) дар ояти зер идома дорад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «