Тафсири Сураи Намл Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Намл Ояти 10
وَاَلۡقِ عَصَاكَ ؕ فَلَمَّا رَاٰهَا تَهۡتَزُّ كَاَنَّهَا جَآنٌّ وَّلّٰى مُدۡبِرًا وَّلَمۡ يُعَقِّبۡ ؕ يٰمُوۡسٰى لَا تَخَفۡ اِنِّىۡ لَا يَخَافُ لَدَىَّ الۡمُرۡسَلُوۡنَ ١٠
Ва алқи ъасак. Фа ламма рааҳа таҳтаззу ка аннаҳа ҷанну-в валла мудбира-в ва лам юъаққиб. Йа Муса ла тахаф иннӣ ла яхофу ладайя-л-мурсалун. 10.
10. Ва бияфган асои худро!». Пас, чун дид, ки асо меҷунбад, гӯё вай мор аст, рӯй бигардонид пуштдода ва бознагашт. (Гуфтем): «Эй Мӯсо, матарс, ҳаройина, Пайғамбарон назди Ман наметарсанд.
Дар он ҳолате, ки Мӯсо (а) назди дарахт буд, то ин ки бо муъҷизаҳо ошно шавад ва ба онҳо унс пайдо кунад, Худованд ба Ӯ (а) гуфт, ки эй Мӯсо, асои худро ба Замин бияфган (парто!). Чун Мӯсо (а) асои худро ба Замин партофт, баногоҳ асои Мӯсо (а) дар ҷунбиш даромаду ба море табдил шуд. Мӯсо (а) дид, ки асояш мисли мори сафедасту дар ҳаракатасту меҷунбад. Гӯё он мор ба вай ҳамла мекарда бошад, тарсиду ҳатто пушти сари худ нигоҳ накарда, рӯ ба гурез овард. Худованди раҳмон ба Мӯсо (а) нидо кард, ки эй Мӯсо, аз мору осеби ӯ натарс, зеро касонеро ки чун ту дар сифати пайғамбарӣ фиристодам, ба ғайри Ман, аз ҳеҷ чиз наметарсанд, Ту низ аз мор натарс! Барои маълумоти бештар ба ояти 31-уми сураи «Қасас» муроҷиъат шавад.
Ҳоло бо таври истисно Худованд дар ояти зер чунин гуфтааст:
Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «