Саломнома шеър барои баранда барои баромад дар туй барои домоду арус.
Ба келину ба домод мо салом мегӯем,
Ба Ширину ба Фарҳод мо салом мегӯем.
Илоҳо то ба пириятон умр бинед,
Ба хурсандӣ ҳаёти боҳузур бинед.
Шумо ҳам аз фарзандонатон тӯю сӯр бинед,
Ба келину ба домод мо салом мегӯем,
Набинед офату наҳсу зиён асло,
Набинед як хазон дар боғатон асло,
Накарда тарки ин хонадон асло,
Илоҳо то ба пиритон умр бинед.
Ба хурсанди ҳаёти боҳузур бинед,
Шумо ҳам аз фарзандонатон тӯю сӯр бинед,
Ба келину ба домод мо салом мегӯем,
Ба Ширину ба Фарҳод мо салом мегӯем.
Чу шаҳду шираю шакар шаванд ин ҳар ду,
Мисоли Воқиму Узро шаванд ин ҳар ду.
Ситораҳои муҳаббат шаванд ин ҳар ду,
Даме ҷудо нашаванд аз як дигар ин ҳар ду
Ба он ду гавҳари якто салом мегӯем.
Ниҳоли қомати домод баҳравар гардад,
Дуо гӯед ки он шохи пурсамар гардад.
Дар байни халқ сарафрозу мӯътабар гардад,
Ҳамеша иззату давлат ҳамсафар гардад.
Ба он ду навгули хандон салом мегӯем,
Ба ҷумла аҳли ин хонадон салом мегӯем.