Тафсири Сураи Нисо Ояти 102 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 102
وَإِذَا كُنْتَ فِيهِمْ فَأَقَمْتَ لَهُمُ الصَّلَاةَ فَلْتَقُمْ طَائِفَةٌ مِنْهُمْ مَعَكَ وَلْيَأْخُذُوا أَسْلِحَتَهُمْ فَإِذَا سَجَدُوا فَلْيَكُونُوا مِنْ وَرَائِكُمْ وَلْتَأْتِ طَائِفَةٌ أُخْرَىٰ لَمْ يُصَلُّوا فَلْيُصَلُّوا مَعَكَ وَلْيَأْخُذُوا حِذْرَهُمْ وَأَسْلِحَتَهُمْ ۗ وَدَّ الَّذِينَ كَفَرُوا لَوْ تَغْفُلُونَ عَنْ أَسْلِحَتِكُمْ وَأَمْتِعَتِكُمْ فَيَمِيلُونَ عَلَيْكُمْ مَيْلَةً وَاحِدَةً ۚ وَلَا جُنَاحَ عَلَيْكُمْ إِنْ كَانَ بِكُمْ أَذًى مِنْ مَطَرٍ أَوْ كُنْتُمْ مَرْضَىٰ أَنْ تَضَعُوا أَسْلِحَتَكُمْ ۖ وَخُذُوا حِذْرَكُمْ ۗ إِنَّ اللَّهَ أَعَدَّ لِلْكَافِرِينَ عَذَابًا مُهِينًا ١٠٢
Ва изо кунта фиҳим фа ақамта лаҳуму-с-салота фал тақум тоифату-м минҳум-м маъака вал яъхузу аслиҳатаҳум. Фа изо саҷаду фал якуну ми-в вароикум вал таъти тоифатун ухро лам юсаллу фал юсаллу маъака вал яъхузу ҳизраҳум ва аслиҳатаҳум. Вадда-л-лазина кафару лав тағфулуна ъан аслиҳатикум ва амтиъатикум фа ямилуна ъалайкум-м майлата-в-воҳидаҳ. Ва ло ҷуноҳа ъалайкум ин кона бикум аза-м мим матарин ав кунтум-м марзо ан тазаъу аслиҳатакум ва хузу ҳизракум. Инналлоҳа аъадда лил кофирина ъазоба-м муҳино. 102.
102. Ва ҳангоме ту дар миёни онҳо бошӣ, чун намозро барои онҳо барпо кунӣ, пас, гурӯҳе аз онҳо ҳамроҳи ту бояд биистанд ва эҳтиёташонро ва силоҳашонро бигиранд, пас, чун саҷда кунанд, пас, бояд, ки аз паси шумо (муқобили душман) раванд ва гурӯҳи дигаре ки ҳанӯз намоз нахондаанд, бояд, ки биёянд, ҳамроҳи ту хонанд ва эҳтиёти худ ва силоҳи худро гиранд. Кофирон дӯст доранд, ки кош аз силоҳу аз асбобҳоятон ғофил шавед, то бар шумо бо якборагӣ ҳамла кунанд. Ва агар бар шумо ранҷе аз борон бошад ё бемор бошед, пас, силоҳи худро биниҳед, гуноҳе нест. Ва албатта, эҳтиёти худро бикунед. Ҳаройина, Аллоҳ бар кофирон азоби хоркунандаро омода кардааст.
Шахсе, ки ба мазмуни ояти мазкур ошно мешавад, ҳис мекунад, ки намоз чӣ қадар аҳамияти бузург доштааст, ки ҳатто дар ҳолатҳои нооромӣ (ҷанг) ҳам барои намоз нахондан иҷозат нест. Намозеро, ки дар ҳолати ҷанг бо кофирон хонда мешавад, “Намози хавф” мегӯянд. Навъи намози хавф бисёр аст, зеро душман гоҳо мухолифи қибла, гоҳо рӯбарӯи қибла, гоҳ аз рост, гоҳо аз чап, ҳамла меорад. Намозҳои фарзи бошанд, чаҳорракаъат ё серакаъата ва ё дуракаъатаанд. Гоҳо бо ҷамоат хонда мешаванд, гоҳо танҳо-танҳо. Гоҳо мешавад, ки ба тарафи қибла намоз хонд, гоҳо мешавад, ки ба тарафи ғайри қибла намоз хонд, гоҳо мешавад, ки пиёда роҳ рафта намоз хонд, гоҳо мешавад, ки савора хонд. Тафсили ҳамаи ин намуд намозхониро аз ҳадисҳои Расулуллоҳ (с) ва китобҳои фиқҳӣ дар боби намози хавф омухтан мумкин. Дар ояти мазкур ба хондани як навъи он амр шудааст, он ҳам бошад, намози дуракаъата аст.
Хулоса, дар ин оят Аллоҳтаъоло ҳабиби худ, Муҳаммад (с)-ро хитоб намуда бошад ҳам, ҳукми он омаст. Яъне ҳар амир ва ҳар фармондеҳе, ки баъди Расулуллоҳ (с) роҳбариро ба ӯҳда мегирад, чун ба ҷиҳод ё ғайри ҷиҳод раванд, агар хавф ғалаба кунаду вақти намозе ҳам даррасад, роҳбар мардуми онҷобударо ба ду гурӯҳ тақсим мекунад. Як гурӯҳ дар баробари душман қарор мегирад, гурӯҳи дигар ҳамроҳи имом як ракаъат намоз мехонад. Дар ин асно, ҳам ин гурӯҳ ва ҳам онҳо, то душман аз фурсат истифода накунад, бояд, ки ҳамеша бо эҳтиёт бошанд ва аслиҳаашон доимо ҳамроҳашон бошад. Чун гурӯҳи аввал як ракаъатро ҳамроҳи имом хонд, ба ҷои гурӯҳи дувум рафта, дар рӯ ба рӯи душман меистад, гурӯҳи дувум дар ракаъати дувуми намоз ба имом мепайвандад, дувум ракаъатро ҳамроҳи имом мехонад. Дар ояти мазкур тариқаи хондани намози хавф ҳамин қадар баён шудаасту халос. Аммо тарзи намози чаҳорракаъата дар вақти хавф, чуноне ки Имом Аҳмад (р) аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) ривоят мекунад, чунин аст: … Чун Расулуллоҳ (с) салоти хавфи чаҳор ракаъатаро хонданӣ шуданд, ҳамроҳони худро ба ду тоифа тақсим намуда, мисли намози ду ракаъата бо гурӯҳи аввал ду ракаъат хонданд ва чун ин гурӯҳ ҷои гурӯҳи дувумро иваз намуда, дар рӯ ба рӯи душман истоданд, гурӯҳи дувум ба ҷои гурӯҳи аввал ҳамроҳи Расулуллоҳ (с) боқии намозро хонданд. Чун чаҳор ракаъат ба охир расид, Расулуллоҳ (с) салом доданд. Яъне Расулуллоҳ (с) чаҳор ракаъат хонданд, гурӯҳҳо ду ракаъатӣ. Салоти хавфро ин
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «
намуд ҳам хондан дуруст аст. Касе бо яке аз инҳо амал карда тавонад, бе гумон дастури шариатро анҷом додааст.
Аммо бо ривояти Заҳрӣ, Нофиъ, Ибни Умар ва Ибни Аббос, ки ҳанафиҳо ба он амал кардаанд, хондани намози хавф чунин аст. Имом мардумро бо ду гурӯҳ тақсим мекунад, гурӯҳе бо вай ва гурӯҳе дар баробари душман истанд. Имом бо гурӯҳи аввал намози ду ракаъата бошад як ракаъат, агар чаҳор ракаъата бошад ду ракаъат мегузорад. Ин гурӯҳ гурӯҳи дувумро иваз намуда, дар сангар дар баробари душман меистанд ва гурӯҳи дувум ҳамроҳи имом боқии намозро мехонанд, ҳамин, ки имом салом дод, ба сангар раванду гурӯҳи аввалро иваз кунанд. Гурӯҳи аввал ҳамчу лоҳиқ хоҳанд, хоҳ онҷо ё ба макони аввал баргарданду алоҳида алоҳида бе қироат намозашонро тамом кунанд. Гурӯҳи дувум бошанд, ҳамчу масбуқ ракаъатҳои аввалро хоҳанд онҷо ё хоҳанд ба макони аввал баргашта, бо Аъузу бисмиллоҳ ва сураи “Фотиҳа” ва замми як сурае (бо қироат) намозашонро адо кунанд. Агар намози хавф намози мағриб бошад, онро низ чун намози чаҳор ракаъата аввал ду ракаъат ва баъд як ракаъат, ҳамчун лоҳиқу масбуқ адо кунанд.
Таъкид шудааст, ки дар чунин ҳол ҳам бояд аслиҳаашон ҳамроҳашон бошад ва доимо дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд. Дар давоми оят Аллоҳтаъоло ҳикмати бо чунин тарз машрӯъ шудани намози хавфро баён менамояд, ки кофирон орзу доранд, ки шумо аз аслиҳа ва матоҳои худ ғофил бошед, то он ки онҳо якбора бар сари шумо ҳамла кунанд ва корро барои шумо чунон душвор кунанд, ки дигар ба ҳамла эҳтиёҷ надошта бошанд. Агар дар чунин ҳолатҳо борон муҷоҳидонро заҳмат расонад, ё бемор бошанд, (мисли Абдураҳмон ибни Авф) аслиҳаашонро бар Замин, наздашон ҳушёрона ва дастрас монанд, гуноҳе нест, то ин ки душман фурсатро ғанимат нашумораду ҳамла накунад. Зеро бардоштани силоҳ, чуноне ки Имом Шофиӣ ривоят кардааст, ҳатто дар ҳолати намоз ҳам бошад, барои муҷоҳидон воҷибасту ибодат. Охири оят фармудааст, ки Аллоҳтаъоло барои кофирон, ки ин қадар мусалмонҳоро ташвиш медиҳанд, азоби хоркунанда омода кардааст.
Сабаби нузули ояти зикршударо Ибни Касир аз Абӯ Аёши аз-Зурқӣ чунин овардааст, ки мо ҳамроҳи Расулуллоҳ (с) дар Асфон ном макон қарор доштем ва мушрикон дар рӯ ба рӯи мо бо сардории Холид ибни Валид (ҳоло ӯ исломро қабул накарда буд), байни мо ва байни Қибла қарор доштанд. Чун Расулуллоҳ (с) намози пешинро ҳамроҳи мо хонданд, онҳо ин ҳолати моро диданду дар андешаи ғофилгиронаи мо шуданд ва гуфтанд: “Ҳозир бар онҳо вақти намозе меравад, ки онро аз худашон ҳатто аз фарзандонашон хубтару дӯсттар медоранд. Чун ба он намоз машғул шаванд, якбора бар сари онҳо ҳамла мебарем. Дар ҳамин асно, Ҷибраил (а) ояти зикршударо назди Аллоҳ овард, таълими намози хавфро ба Расулуллоҳ (с) омӯхт.“
Хулоса, баъди намоз хондан агар гӯем, ки ибодат ба охир расид, ин бармаҳал аст. Зеро инсони мусалмон доимо, хусусан дар вақтҳои ҳассос ба ёди Аллоҳ буданаш лозим аст. Ин маъноро ояти зер иншоаллоҳ эзоҳ медиҳад: