Сураи Нисо Ояти 103 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 103 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 103

فَإِذَا قَضَيْتُمُ الصَّلَاةَ فَاذْكُرُوا اللَّهَ قِيَامًا وَقُعُودًا وَعَلَىٰ جُنُوبِكُمْ ۚ فَإِذَا اطْمَأْنَنْتُمْ فَأَقِيمُوا الصَّلَاةَ ۚ إِنَّ الصَّلَاةَ كَانَتْ عَلَى الْمُؤْمِنِينَ كِتَابًا مَوْقُوتًا ١٠٣

Фа изо қазайтуму-с-салота фазкурзллоҳа қийома-в ва қуъуда-в ва ъало ҷунубикум. Фа изатмаънантум фа ақому-с-салоҳ. Инна-с-салота конат ъала-л-муъминина китоба-м мавқуто. 103.

103. Ҳангоме ки намозро адо кардед, пас, Аллоҳро истода ва нишаста ва ба паҳлуи хеш ёд кунед! Пас, чун аз хавф эмин шудед, намозро барпо доред! Ҳаройина, (хондани) намоз дар вақти муқарраршуда бар мусалмонҳо фарз аст.

Агарчанде адои зикр баъди ҳар намоз машрӯъ асту марғуб, локин Аллоҳтаъоло бори дигар ҳамчу таъкид амр кардааст, ки чун шумо салоти хавфро адо намудед, хоҳ истода бошед, хоҳ нишаста, хоҳ ба паҳлу хобида, дар ҷамии ҳолатҳо ҳатто дар ҳолати ҷанг ҳам, зикри Аллоҳро бисёр гӯед, шояд, ки Худованд шуморо бар душман пирӯз гардонад. Чун шумо аз душман эмин шудед ва хавфу хатар аз дили шумо дур шуд, намозҳоро дар вақтҳои худ ҳамчуноне, ки бо рукӯу суҷуд ва хушӯу хузӯъ воҷиб шудааст, адо кунед. Зеро Аллоҳтаъоло намозро барои бандагони худ, хоҳ дар сафар бошанд, хоҳ дар ҳазар (муқим будан) ё дар ҳолати хавф ё эминӣ дар вақтҳои маълуму муайян фарз гардонидааст. Таъхири онҳо аз вақташон бе узр дуруст нест. Узр чист? Узр ҳамчу дар хоб мондан ё фаромӯш кардани намоз ё беҳушӣ ва ғайра… Ибни Масъуд (р) ва ибни Аббос (р) гуфтаанд вақти намоз ҳам мисли вақти ҳаҷ аст, ки дар ғайри вақт адои ин ду ҷоиз нест.

Дар ояти баъдӣ, Аллоҳтаъоло мӯъминонро дар чунин ҳолатҳои сахтӣ ба сабр ва ба ҷиҳоди доимӣ тарғиб мекунад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 102 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 104 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)