Сураи Нисо Ояти 108 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 108 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 108

يَسْتَخْفُونَ مِنَ النَّاسِ وَلَا يَسْتَخْفُونَ مِنَ اللَّهِ وَهُوَ مَعَهُمْ إِذْ يُبَيِّتُونَ مَا لَا يَرْضَىٰ مِنَ الْقَوْلِ ۚ وَكَانَ اللَّهُ بِمَا يَعْمَلُونَ مُحِيطًا ١٠٨

Ястахфуна мина-н-носи ва ло ястахфуна миналлоҳи ва Ҳува маъаҳум из юбаййитуна мо ло ярзо мина-л-қавл. Ва коналлоҳу би мо яъмалуна муҳито. 108.

108. Аз мардум хавф мебаранд (шарм медоранд, пинҳон мекунанд) ва аз Худо шарм (пинҳон) намекунанд, шаб бо он суханҳое, ки Худо намеписандад, машварат мекунанд, ҳол он ки Аллоҳ ҳамроҳи онҳост. Ва Аллоҳ ба он чӣ мекунанд, иҳотакунанда аст.

Дигар сифати нописанди шахсони хиёнаткорро ояти мазкур баён намуда фармудааст, ки он дағобозон чунон шахсоне ҳастанд, ки аз Худо нею аз мардум ҳаё намуда, акси ҳукми шариат машваратҳо мегузаронанд. Оё аз мардум ҳаё мекунанду шабошаб чораандешӣ менамоянд, аз Аллоҳ, ки шабу рӯз ҳамроҳи онҳосту аз зоҳиру ботини онҳо бохабараст ҳаё намекунанд ва оё айбҳои худро аз Ӯ пинҳон карда метавонанд? Ҳаргиз. Зеро, онҳо кореро машварат кардаанд ва суханҳоеро ба миён гузоштаанд, ки аз чунин суханҳо ва аз чунин дағобозиҳо, Аллоҳ розӣ нест.

Хулоса, ҳар чораандешие, ки онҳо мекунанд, дар иҳотаи илми Аллоҳтаъоло қарор дорад. Чаро онҳо аз мардум шарм медоранд ва аз Худо шарм намекунанд? Чаро ба тарафдории шахси муҷрим мепардозанд.

Сарзаниши шахсоне, ки ба тарафдории ҷинояткор дониста ё надониста ҳаракатҳо ва ҷидол кардаанд, дар ояти зер идома дорад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 107 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 109 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)