Тафсири Сураи Нисо Ояти 109 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 109
هَا أَنْتُمْ هَٰؤُلَاءِ جَادَلْتُمْ عَنْهُمْ فِي الْحَيَاةِ الدُّنْيَا فَمَنْ يُجَادِلُ اللَّهَ عَنْهُمْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ أَمْ مَنْ يَكُونُ عَلَيْهِمْ وَكِيلًا ١٠٩
Ҳа антум ҳаулаи ҷодалтум ъанҳум фи-л-ҳайоти-д-дунйо фа ма-н юҷодилуллоҳа ъанҳум явма-л-қийомати ам-м ма-н якуну ъалайҳим вакило. 109.
109. Эй қавме ки дар ин ҳаёти дунё аз тарафи онҳо (хиёнаткунанандагон) ҷидол кардед, огоҳ бошед, пас, рӯзи қиёмат кист, ки аз ҷониби онҳо бо Аллоҳ ҷидол кунад? Ва ё кист, ки вакил (корсоз)-и онҳо бошад?
Итоби Аллоҳтаъоло дар ин оят бо оҳанги ҳушёр бош, барои шахсоне, ки ба тарафдории хиёнаткор, (то он ки ӯро назди мардум сафед кунанд), ҳаракатҳо кардаанд, идома ёфта фармудааст, ки ҳой мардум! Бигзор онҳо дар ин дунё тавонистанд, бо суханбозӣ ва машваратпардозӣ гунаҳкореро бегуноҳ ва бегуноҳеро гунаҳкор нишон диҳанду сухани худро гузаронанд. Оё дар рӯзи қиёмат, ки ҳар кас бо худ оворааст, назди Аллоҳе, ки бар ҳама тарҳрезиҳои онҳо огоҳ аст, касе ёфт мешавад, ки ба тарафдории муҷрим ҷидол кунад ва он муҷримро аз азоби Илоҳӣ наҷот диҳад? Оё касе метавонад, ки ин ваколатро ба ӯҳдаи худ гирад? Оё ин ҳимояти нодуруст дар он рӯз, ба шахси хиёнаткор фоидае расонида метавонад? Ҳаргиз! Ёдовар мешавем, ки оятҳои зикршуда, бо зикри як ҳодисаи хурд қозӣ, муфтӣ ва шахсонеро, ки ба тарафдории хешовандони хиёнаткор ҳаракат кардаанд, ҳар кадомро муносиби ҳолашон ҳушёр бош гуфта, ба роҳи рост ва доварии ҳақ даъват намуданд.
Ояти баъдӣ дар чунин ҳолатҳо, қоидаеро бо таври умум баён мекунанд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «