Тафсири Сураи Нисо Ояти 107 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 107
وَلَا تُجَادِلْ عَنِ الَّذِينَ يَخْتَانُونَ أَنْفُسَهُمْ ۚ إِنَّ اللَّهَ لَا يُحِبُّ مَنْ كَانَ خَوَّانًا أَثِيمًا ١٠٧
Ва ло туҷодил ъани-л-лазина яхтонуна анфусаҳум. Инналлоҳа ло юҳиббу ман кона хаввонан асимо.107.
107. Ва аз тарафи касоне, ки ба хештан хиёнат мекунанд, ҷидол (ҷонибдори) макун! Ҳаройина, Аллоҳ касеро, ки хиёнаткору гунаҳкор бошад, дӯст намедорад.
Дуздӣ кардану айбро бар сари дигар кас бор кардан ин хиёнат болои хиёнат аст. Бинобар ин, Аллоҳтаъоло, Ҳабиби худ (с)-ро наҳй намуд, ки барои онҳое, ки бар нафсҳои худ хиёнат мекунанд, ҷидолу ҷонибдорӣ накунад, зеро онҳо муртакиби маъсият шудаанд, Аллоҳтаъоло шахсонеро, ки хоину дағобозанд дӯст намедорад. Туъма ибни Убайрақ ва ҳамқабилаҳои ӯ бо ин оят бар ҷонҳои худ хиёнаткунанда дониста шуданд. Вақто ки Худованд хиёнаткоронро дӯст намедорад, дигар мусалмонҳо агар хешованди онҳо бошанд ҳам, аз онҳо набояд дифоъ кунанд, зеро онҳо шахсонеанд, ки …
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «