Тафсири Сураи Нисо Ояти 110 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 110
وَمَنْ يَعْمَلْ سُوءًا أَوْ يَظْلِمْ نَفْسَهُ ثُمَّ يَسْتَغْفِرِ اللَّهَ يَجِدِ اللَّهَ غَفُورًا رَحِيمًا ١١٠
Ва ма-н яъмал суан ав язлим нафсаҳу сумма ястағфириллоҳа яҷидиллоҳа Ғафура-р-Раҳимо. 110.
110. Ва ҳар кас гуноҳ кунад ё бар худ ситам кунад, пас, аз Худо омурзиш талаб кунад, Аллоҳро омурзгору меҳрубон меёбад.
Бо ривояти Ибни Аббос (р), бо ин оят, Аллоҳтаъоло умуми мардумро ва ба хусус Бани Убайрақро супориш ба тавба дода фармуд, ки ҳар инсон гуноҳеро кунад, ки таъсири он ба дигарон ё ин ки бар худи ӯ расад ё шахсони бегуноҳро туҳмат ва ё ситам кунад, сипас пушаймон шуда, аз Аллоҳ омурзиш бихоҳад, яъне “астағфируллоҳ” ё ин ки “Аллоҳуммағфирли” Худоё моро биёмӯрз гӯяд, Худовандро омӯрзандаву раҳмхуранда меёбад. Яъне агар истиғфораш сидқан бошад ва гуноҳи ӯ аз кӯҳҳо ва аз замину осмон калонтар ҳам бошад, ваъдаи Худованд аст, ки чунин шахсро, хоҳад, мебахшад. Зеро васеъгии Карам, Афв, Ҳилм ва Раҳмати Аллоҳтаъоло бепоён ва мағфирати Ӯ беқиёс аст.
Ибни Ҷарир аз Абдуллоҳ (р) ривоят мекунад, ки агар Бани Исроил ягон гуноҳе мекард, бо кадом роҳ аз гуноҳ пок шудани ӯ маълум набуд, магар ин ки ӯ саҳарӣ мехест медид, ки бар дари хонаи ӯ тарзи тавба навишта шудааст. Агар бар либоси онҳо бавл мерасид, ба ғайри буридани ҷои бавлрасида дигар илоҷе надоштанд. Касе дар он асно гуфт: “Худованд барои Бани Исроил бе қиёс хубиҳо кардааст?” Абдуллоҳ (р) дар ҷавоби ӯ гуфт:” Он чи Худованд ба шумо дод, аз атоҳои Бани Исроил беҳтар аст.” Обро барои шумо покизакунанда гардонид, касе гуноҳе кунад ё бар дигарон зулме кунад, назди Худованд истиғфор гӯяд, Аллоҳтаъолоро мағфираткунандаву раҳмхуранда меёбад. Ҳазрати Алӣ (к) аз Абӯбакри Сиддиқ (р) ривоят кардаанд, ки ман аз Расулуллоҳ (с) шунидам, ки гуфтанд: “Ҳар мусалмоне гуноҳеро содир кунад, сипас вузӯи хуб сохта ду ракаъат намоз гузорад, баъди намоз барои гуноҳи содиркардааш омӯрзиш талаб кунад, Худованд гуноҳи чунин шахсро мебахшад”. (аз тафсири “Ибни Касир”).
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «