Тафсири Сураи Нисо Ояти 112 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 112
وَمَنْ يَكْسِبْ خَطِيئَةً أَوْ إِثْمًا ثُمَّ يَرْمِ بِهِ بَرِيئًا فَقَدِ احْتَمَلَ بُهْتَانًا وَإِثْمًا مُبِينًا ١١٢
Ва ма-н яксиб хатиатан ав исман сумма ярми биҳи бариан фақад-иҳтамала буҳтона-в ва исма-м мубино. 112.
112. Ва ҳар кас хатогиеро ё гуноҳеро кунад, пас, ба он бегуноҳеро туҳмат кунад, батаҳқиқ, бар худ бӯҳтон ва гуноҳи ошкореро бардоштааст.
Хато: Лағжиши инсон дар гуноҳ аст, хоҳ ӯ қасдан бошад ё саҳван. Исм: Лағжиши инсон дар гуноҳ бо қасдро гӯянд. Баъзе гуфтаанд, хато гуноҳи сағира аст. Исм гуноҳи кабира. Ба ҳар тақдир, ояти мазкур мардумро иршод медиҳад, ки ҳар касе мисли Туъма ибни Убайрақ гуноҳеро (дуздиеро) содир кунаду айби худро ба дигар кас бор кунад, маънои онро дорад, ки ба ғайри гуноҳи аслие, ки бар уҳдаи ӯст, ӯ худ ошкоро худро буҳтон кардааст ва ду баробар гуноҳро бар зиммаи худ гирифтааст. Калимаи “буҳтон” аз “бӯҳт” гирифта шуда ба маънои ҳайрат аст. Дурӯғ бастанро ба шахси бегуноҳ, ки ӯро дар ҳайрат мемононад, буҳтон гӯянд. Акнун Аллоҳтаъоло Пайғамбари худро аз ин ҳолати ногувор нигоҳ медорад, фазлу карами худро бо нозил кардани ояти зер, ёдрасаш мекунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «