Тафсири Сураи Нисо Ояти 111 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 111
وَمَنْ يَكْسِبْ إِثْمًا فَإِنَّمَا يَكْسِبُهُ عَلَىٰ نَفْسِهِ ۚ وَكَانَ اللَّهُ عَلِيمًا حَكِيمًا ١١١
Ва ма-н яксиб исман фа иннамо яксибуҳу ъало нафсиҳ. Ва коналлоҳу Ъалиман ҳакимо. 111.
111. Ва ҳар касе гуноҳеро бикунад, ҷуз ин нест, ки онро бар нафси худ мекунад. Ва Аллоҳ донову боҳикмат аст.
Гуноҳи ҳеҷ кас ба гардани каси дигар бор карда намешавад. Бинобар ин, Аллоҳтаъоло дар ин оят фармудааст, ки ҳар касе бо касбу рафтору гуфтори худ гуноҳеро содир кунад, зиёни он бар эҷодкунандаи ӯст. На бар зарари қабилаи ӯ. Бинобар ин, қавми дузд (Туъма ибни Убайрақ)-ро лозим он буд, ки дар тангно қарор нагиранд ва ба ноҳақ аз ӯ дифоъ накунанд. Зеро гуноҳи хешованди онҳо асло ба онҳо марбут нест. Гуноҳ гиребони соҳиби худро медорад ва соҳиби гуноҳ ҷавоби онро медиҳад. Худованд ҳама чизро медонад, аз он ҷумла, кӣ гуноҳ кардааст, ӯро низ медонад ва ҷазое, ки барои гунаҳкорон муайян шудааст, ин ҳикмати Ӯст, зеро Ӯ таъоло ҳар корро бо ҳикмати худ анҷом медиҳад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «