Тафсири Сураи Нисо Ояти 116 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 116
إِنَّ اللَّهَ لَا يَغْفِرُ أَنْ يُشْرَكَ بِهِ وَيَغْفِرُ مَا دُونَ ذَٰلِكَ لِمَنْ يَشَاءُ ۚ وَمَنْ يُشْرِكْ بِاللَّهِ فَقَدْ ضَلَّ ضَلَالًا بَعِيدًا ١١٦
Инналлоҳа ло яғфиру ан юшрака биҳи ва яғфиру мо дуна золика лима-н яшаъ. Ва ма-н юшрик биллоҳи фақад Залла Залолан баъидо. 116.
116. Ҳаройина, Аллоҳ касеро, ки бар Вай ширк орад, намеомурзад ва фурӯтар аз ширкро барои касе, ки хоҳад, меомурзад. Ва ҳар кӣ ба Аллоҳ ширк меорад, пас, батаҳқиқ, сахт гумроҳ шудааст.
Мазмуни ояти мазкур биайниҳӣ дар ояти 48-уми ҳамин сура гузашт, ки он ҷо шарҳи муфассале дода шудааст. Хулоса, Худованд шахсонеро, ки ба Ӯ ширк меоранд, намебахшад. Аз гуноҳи ширк поёнтарро барои касе, ки хоҳад, мебахшад. Шахсе, ки гуноҳи кабира мекунад, аз роҳи ҳақ дур аст. Локин шахси мушрик аз роҳи ҳақиқате, ки писанди Аллоҳ аст, бе андоза дуртар аст. Мушрик на танҳо он касест, ки ғайри Худоро парастиш мекунад, балки касе аст, ки ҳукми ғайри Аллоҳро чун ҳукми Аллоҳ меписандад.
Дар ояти зер, тарзи ширк овардани арабҳо, дар замони ҷоҳилият баён мешавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «