Сураи Нисо Ояти 115 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 115 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 115

وَمَنْ يُشَاقِقِ الرَّسُولَ مِنْ بَعْدِ مَا تَبَيَّنَ لَهُ الْهُدَىٰ وَيَتَّبِعْ غَيْرَ سَبِيلِ الْمُؤْمِنِينَ نُوَلِّهِ مَا تَوَلَّىٰ وَنُصْلِهِ جَهَنَّمَ ۖ وَسَاءَتْ مَصِيرًا ١١٥

Ва ма-н юшоқиқи-р-расула мин баъди мо табайяна лаҳу-л-ҳудо ва яттабиъ ғайра сабили-л муъминина нуваллиҳи мо тавалло ва нуслиҳи Ҷаҳаннам. Ва саат масиро. 115.

115. Ва ҳар кӣ бо Пайғамбар, пас аз он ки ба вай роҳи рост маълум шуд, мухолифат кунад ва роҳеро пайравӣ кунад, ки хилофи роҳи мусалмонон аст, ӯро ба он тарафе, ки ихтиёр кардааст, ҳавола кунем ва ӯро ба Дӯзах дарорем; ва Дӯзах ҷои бозгашти бад аст.

Баъзе аз муфассирон сабаби нузули ин оятро мансуб ба яке аз хешовандони Туъма ибни Убайриқ, Башир ибни Убайриқ донистаанд. Аммо соҳиби “Сафватут тафосир”, чуноне, ки дар муқаддимаи ин оят ишора шуд ва ҳамчунин соҳиби тафсири “Ҳусайнӣ” сабаби нузули ояти мазкурро Туъма ибни Убайриқ, ки аз Мадина ба тарафи мушрикони Макка фирор кард, донистаанд. Ҳусайнӣ мегӯяд, ки чун аз буридани даст тарсиду ба Макка фирор кард, дар он ҷо низ даст ба дуздӣ зад. Девореро шикофта аз он чизеро хост дуздӣ кунад, девор болои ӯ афтод, бо ҳамин рӯзи дигар ӯро аз таги он зинда берун кашиданд ва хостанд ӯро бикушанд. Локин баъзе аз аҳли Макка дархост намуданд, ки ӯ аз Мадина гурехта ба ин ҷо паноҳ овардааст, куштани ӯ муносиб нест. Пас, ӯро аз Макка хориҷ намуданд. Ӯ ҳамроҳи тоҷирони Қузоъа ба сӯи Шом сафар кард ва дар манзиле корвонро машғул сохт, порае аз матои онҳоро дуздиду бигурехт. Хулоса, ӯро дастгир намуданду сангсор сохтанд. Ва муддатҳо ҳар кӣ он ҷо мерасид, болои ӯ санге партоб мекард, болои ӯ сангтеппа шуд. Ва ин номи бад, бар ӯ абадӣ боқӣ бимонд.

Ривояти дигаре низ вуҷуд дорад, ки аз Ҷидда сафари дарё кард, дар киштӣ кисаи динори касеро дуздид, чун дуздии ӯро муайян сохтанд, ӯро ба дарё андохтанд. Ин ҷазои дунявӣ буд, ки ӯ дид.

Хулоса, дар ояти мазкур агарчанде ишора ба шахси маълум ҳам бошад, локин ҳукми ӯ умумист. Яъне ҳар касе, ки бо гуфти Худо ва пайғамбари Ӯ дидаву дониста, мухолифат кунад ва он роҳеро пайравӣ кунад, ки хилофи роҳи мусалмонон аст, яъне аз иҷмои мусалмонон баромада, ба кофирону мушрикон ва муртадон пайвастан бихоҳад, Аллоҳтаъоло чунин шахсро ба ҳамон тарафу ҳамон роҳ ҳавола месозад ва дар охир он роҳи ихтиёркардааш ӯро, чунонеки ин ҳодиса аз сари Тӯъма ибни Убайриқ гузашт, ба Дӯзах мерасонад. Дӯзах бисёр ҷои бозгашти бад аст, инро ҳама медонанд ва боваркунандаҳо аз ин гуна макон аз Аллоҳ паноҳ металабанд.

Ба як нукта бояд таваҷҷуҳ кард. Дар баъзе тафсирҳои аҳли суннат, мисли “Тафсири Кобулӣ” ва тафсири “Кашф-ул-асрор”-и Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ чунин омадааст: “Мақсад аз ҷузъи ояти мазкур, “роҳи муъминон” иҷмои уммат аст.” Яъне агар уламои варзидаи аср ва аҳли ҳаққ дар масъалаи фиқҳие иттифоқ кунанд, итоат аз он воҷиб аст. Назди Имом Шофеӣ (раҳ) низ омадааст, ки эшон гуфтанд: “Ҷузъи оят бар сиҳати иҷмоъ далел аст.” Албатта, замонати ин гуфтаҳоро аз ҳадиси Расулуллоҳ (с) ёфтан мумкин, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд: “Ло яҷтамиъу уммати ъалаз-залолати” “Уммати ман бар гумроҳие ҷамъ намешаванд”.

Эзоҳоти Ибни Касир зимни ин ҷузъи оят ҳам, ба тарафдории иттифоқи уламо ва аҳли ҳаққ далолат доранд. Акнун ҳукми шахсонеро, ки мушриканд, ё ин ки ба мушрикон мепайванданд бори дигар ояти зер баён мекунад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 114 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 116 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)