Сураи Нисо Ояти 123 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 123 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 123

لَيْسَ بِأَمَانِيِّكُمْ وَلَا أَمَانِيِّ أَهْلِ الْكِتَابِ ۗ مَنْ يَعْمَلْ سُوءًا يُجْزَ بِهِ وَلَا يَجِدْ لَهُ مِنْ دُونِ اللَّهِ وَلِيًّا وَلَا نَصِيرًا ١٢٣

Лайса би амониййикум ва ла амониййи аҳли-л-китоб. Ма-н яъмал суа-н юҷза биҳи ва ло яҷид лаҳу мин дуниллоҳи валийя-в ва ло насиро. 123.

123. Мадори кор мувофиқи орзуҳои шумо ва мувофиқи орзуҳои аҳли Китоб нест. Ҳар касе кори бад кунад, (ӯро) ба сабаби вай ҷазо дода мешавад; ва барои худ аз ғайри Аллоҳ ҳеҷ дӯсте ва ёридиҳандае намеёбад.

Бо ривояти Афвӣ аз Ибни Аббос (р) оид ба сабаби нузули ояти мазкур чунин омадааст. “Аҳли адён (аҳли китоб) дар хусуси динашон бо мусулмонон душманӣ ва фахрфурушӣ карданд. Яъне аҳли Таврот гуфтанд: “Китоби мо беҳтарин китоб аст ва пайғамбари мо беҳтарини пайғамбарон аст.” Аҳли Инҷил ҳам даъвояшон аз онҳо кам набуд. Аҳли Ислом бошад, гуфтанд: “Ҳеҷ дине барҳақ нест, магар дини Ислом. Китоби мо, ҳама китобҳоро аз амал боз доштааст. Пайғамбари мо пайғамбари охирин аст, ӯ мо ва шуморо амр кардааст, ки ба китобҳои шумо ва китоби мо имон орем ва амал ба китоби мо кунем”. Дар ин асно, ояти мазкур нозил шуд ва ин ҳукмро файсала бахшида гуфт, ки он чи Аллоҳтаъоло (аз корҳои савоб, роҳи дохилшавӣ ба Ҷаннат, тарзи халосшавӣ аз азоб ва ғ.) ваъда кардааст бо орзуҳои шумо мувофиқат накарда, бо фахрфурушӣ ҳам дастраси шумо намешавад. Ҳар касе амали бадеро анҷом диҳад, касе ки набошад, хоҳад ё не, ҷазои онро мебинад. Бо орзуҳои хушку холӣ савоб ҳам ҳосил намешавад. Соҳиби савобу соҳиби Ҷаннат шудан, танҳо бо иҷрои амалҳои солеҳ ҳосил мешавад. Шахсе ба ҷазои амалҳои бади худ гирифтор шавад, ба ғайри Аллоҳ дигар ҳеҷ кас, на ба ӯ дӯст мешавад ва на ба ӯ ёрӣ расонида метавонад.

Ҳасани Басрӣ (раҳ) гуфтааст: “Бисёре аз мардум бо орзуҳои худ фиреб хӯрда, аз дунё бе иҷрои ягон кори ҳасана гузаштаанд”. Онҳо гуфтаанд: “Нияти мо ба Аллоҳтаъоло хуб аст”. Локин онҳо дар ин суханашон дурӯғгӯй ҳастанд. Агар онҳо ба Аллоҳ гумони нек медоштанд, чаро амри Аллоҳро ба ҷо наоварда амалҳои хубро анҷом надоданд?

Хулоса, ризогии Аллоҳтаъоло, на ба орзу ва хаёлҳои хоми мусалмонҳо мувофиқат дорад, на ба орзу ва хаёлҳои хоми аҳли китоб. Чуноне ки онҳо гуфтанд: “Мо дӯстон ва фарзандони Аллоҳем, мо агар дохили Дӯзах шавем ҳам, якчанд рӯзи бо шумор аст ва ҳоказо”. Ё баъзе мусалмонон мегӯянд: Мо мусулмонем, ниятамон пок ҳамин кифоя, амал ҳам накунем мешавад Худо мебахшад”. Ин хаёлҳо пучу хоманд. Бо ривояти Имом Аҳмад (р) омадааст, ки чун ояти мазкур нозил шуд, асҳоби киром, аз он ҷумла Абӯбакри Сиддиқ (р) гуфтанд: “Ё Расулаллоҳ (с) мо баъди нузули ин оят чӣ гуна наҷот меёбем, ҳол он ки ҳеҷ касе нест, ки амали бадеро накарда бошад?” Расулуллоҳ (с) ба ӯ гуфтанд: “ Аллоҳ туро биёмурзад ё Абӯбакр! Оё ту бемор намешавӣ? Оё дар ранҷу машаққат намеафтӣ? Оё ба ту дарду андӯҳе намерасад? Абӯбакр гуфтанд: “Бале! Ё Расулаллоҳ (с)”. Расулуллоҳ (с) гуфтанд: “Пас онҳо аз ҷумлаи он чизҳое ҳастанд, ки дар ивази корҳои бади кардагиат ҷазо дода шудӣ!”. Бо ривояти Ибни Аббос (р) омадааст, ки аз Расулуллоҳ (с) пурсиданд, ки ҳар касе кори бадеро анҷом диҳад, дар баробари он ҷазо дода мешавад? Расулуллоҳ (с) фармуданд: “Оре! Аммо ҳар касе кори некеро анҷом диҳад, дар баробари он даҳ подош дода мешавад”. Пас ҳалок шавад шахсе, ки гуноҳашро бар даҳ савоб ғолиб мегардонад. (Валлоҳу аълам). Дар ҳадиси дигаре аз Имом Аҳмад омадааст, ки ӯ аз Оиша (р) ривоят кардааст, Ҳазрати Оиша (р) мегӯяд, ки гуфтам, ки ё Расулаллоҳ (с), ҳар вақто гуноҳи бандае зиёд шавад, барои кафорати гуноҳҳояш амали хубе надошта бошад, чӣ мешавад? Расулуллоҳ (с) гуфтанд: “Худованди азза ва ҷалла ӯро ба ғаму андӯҳ гирифтор мекунад, то ин ки гуноҳҳои ӯро каффорат шавад”. Зери мазмуни ояти мазкур ҳадисҳо хеле бисёр аст, он чӣ дастраси мо шуд, бо ин кифоя намудем.

Ояти зер, подоши амалҳои некро баён мекунад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 122 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 124 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)