Сураи Нисо Ояти 122 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 122 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 122

وَالَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ سَنُدْخِلُهُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا أَبَدًا ۖ وَعْدَ اللَّهِ حَقًّا ۚ وَمَنْ أَصْدَقُ مِنَ اللَّهِ قِيلًا ١٢٢

Ва-л-лазина оману ва ъамилу-с-солиҳоти са нудхилуҳум ҷаннотин таҷри мин таҳтиҳа-л-анҳору холидина фиҳа абадо. Ваъдаллоҳи ҳаққо. Ва ман асдақу миналлоҳи қило. 122.

122. Ва касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд, зуд аст, ки онҳоро дар боғҳое, ки аз зери қасрҳои он ҷӯйҳо равон аст, дарорем, дар он ҳамеша ҷовидон бошанд. Ва паймони Аллоҳ рост аст. Ва кист, ки дар сухан аз Аллоҳ росгӯйтар бошад?

Пайравони шайтон аз азоби Дӯзах халосӣ надоранд. Бар акси онҳо шахсонеро, ки имон овардаанд ва ҳамроҳи имонашон амалҳои солеҳро анҷом доданд, ба зудӣ Аллоҳтаъоло дохили Ҷаннат месозад. Чунон Ҷаннате ки аз зери қасру дарахтони он наҳрҳои об ҷорист ва дар чунин Ҷаннат онҳо абадию ҷовидон боқӣ мемонанд. Ин ваъдаи Аллоҳ, барои шахсонест, ки тобеу пайрави шайтон нашуданд. Албатта, ваъдаи Аллоҳ рост аст ва аз Аллоҳтаъоло дида кӣ ростгӯяндатар аст? Дар натиҷа маълум мешавад, ки барои бандае, ки дохили Ҷаннат мешавад, имону амали солеҳ лозим будааст. Иҷрои амалҳои солеҳ бе имон фоидае надоштааст.

Ба мазмуни ин оят Расулуллоҳ (с) дар хутбаашон гуфтаанд: “Инна асдақал ҳадиси каломуллоҳ ва хайрул ҳадйи ҳадю Муҳаммадин (с) ва шаррул умури муҳдасотиҳо ва куллу муҳдасотиҳи бидъаҳ ва куллу бидъатин залолаҳ ва куллу залолатин финнор”. Тарҷума: “Дар ҳақиқат росттарин сухан сухани Аллоҳаст ва беҳтарини равиш равиши Муҳаммад (с) аст ва бадтарин корҳо корҳои навпайдошуда аст ва ҳар навпайдошуда бидъат аст ва ҳар бидъат гумроҳист ва ҳар гумроҳӣ дар нор аст.”

Дар оятҳои баъдӣ, масъалаи гуноҳ ва савоб, Биҳишт ва Дӯзах ва ҳақиқати ваъдаи Аллоҳ ва орзуҳои хому хаёлҳои ботили инсонҳо, баён мешавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 121 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 123 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)