Сураи Нисо Ояти 124 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 124 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 124

وَمَنْ يَعْمَلْ مِنَ الصَّالِحَاتِ مِنْ ذَكَرٍ أَوْ أُنْثَىٰ وَهُوَ مُؤْمِنٌ فَأُولَٰئِكَ يَدْخُلُونَ الْجَنَّةَ وَلَا يُظْلَمُونَ نَقِيرًا ١٢٤

Ва ма-н яъмал мина-с-солиҳоти мин закарин ав унсо ва ҳува муъминун фа улаика ядхулуна-л-Ҷанната ва ло юзламуна нақиро. 124.

124. Ва ҳар кас мард бошад ё зан ва ӯ муъмин бошад ва корҳои шоиста кунад, пас, онҳо ба Биҳишт дароянд ва онҳо ба қадри мӯйе ситам карда намешаванд.

Ояти мазкур барои аҳли имон хушхабар буда, фармудааст, ҳар касе, чи мард бошад, чи зан, амалҳои шоистаро дар ин дунё анҷом диҳад, ба шарте ки муъмину мусалмон бошад, вориди Биҳишт мешавад ва ба қадри қиле ё хурдтарин заррача, бар ӯ зулм раво дида намешавад. Яъне аз аҷре, ки мувофиқи амали неки ӯст, кам карда намешавад, балки аҷри амали хешро меёбад.

Хулоса, савоб ё азоб ба амал вобаста аст. Бо орзую хаёлҳои хом, инсон ба ҳеҷ ҷо расида наметавонад. Агарчи, амал ҷузъе аз имон набошад ҳам, локин нишонаи имондорист. Имони беамал дар охир чандон нафъе расонида наметавонад. Имону амал ҳарду тавъам (якҷоянд) Ояти зер ин маъноро идома медиҳад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 123 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 125 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)