Тафсири Сураи Нисо Ояти 167 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 167
إِنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا وَصَدُّوا عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ قَدْ ضَلُّوا ضَلَالًا بَعِيدًا ١٦٧
Инна-л лазина кафару ва садду ъан сабилиллоҳи қад Заллу Залолан баъидо. 167.
167. Ҳаройина, касоне, ки кофир шуданд ва мардумро аз роҳи Худо боз доштанд, батаҳқиқ, сахт гумроҳ шуданд.
Ояти мазкур, валлоҳу аълам, давоми ояти боло буда, дар он Аллоҳтаъоло сифати кофиронро баён намуда, фармудааст, ки дар ҳақиқат касоне, ки кофир шуданд ва мардумро бо суханбофиҳои худ аз роҳи Аллоҳ (Ислом) ба роҳи инкори пайғамбарии Муҳаммад (с) кашонда аз имон овардан ба ӯ (с) боз доштанд ва бо далелҳои сохтаи худ гуфтанд, ки мо сифатҳои ӯ (Муҳаммад) (с)-ро дар китобҳои худ наёфтем, мо фақат инро медонем, ки пайғамбарӣ дар насли Ҳорун ва Довуд ба охир расидааст, шариати Мӯсо (а) асло мансух нашудааст, на танҳо кофиранд, балки дар гумроҳии ниҳоят дуранд ва ниҳоят ба ҷаҳолат фурӯ афтодагонанд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «