Тафсири Сураи Нисо Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 18
وَلَيْسَتِ التَّوْبَةُ لِلَّذِينَ يَعْمَلُونَ السَّيِّئَاتِ حَتَّىٰ إِذَا حَضَرَ أَحَدَهُمُ الْمَوْتُ قَالَ إِنِّي تُبْتُ الْآنَ وَلَا الَّذِينَ يَمُوتُونَ وَهُمْ كُفَّارٌ ۚ أُولَٰئِكَ أَعْتَدْنَا لَهُمْ عَذَابًا أَلِيمًا ١٨
Ва лайсати-т тавбату лил-лазина яъмалуна-с-саййиоти ҳатта изо ҳазара аҳадаҳуму-л-мавту қола инно тубту-л она ва ла-л-лазина ямутуна ва ҳум куффор. Улаика аътадно лаҳум ъазобан алимо. 18.
18. Ва нест (ваъдаи қабули) тавба барои касоне, ки гуноҳонро мекунанд, то он ки яке аз онҳоро марг фаро мерасад, пас мегӯяд: «Албатта, ҳозир ман тавба кардам» ва ҳамчунин (ваъдаи қабули) тавба барои касоне ки дар ҳоле мемиранд, ки кофиранд, нест. Онҳо гурӯҳе (ҳаст)-анд, ки барои онҳо азоби аламнокро муҳайё сохтаем.
Аз мазмуни ояти мазкур маълум мешавад, ки шахсоне ки кофиранду дар ҳолати кофирӣ мемиранд, рост вориди Ҷаҳаннам мешаванд. Зеро, дар ҳолати кофирӣ ё баъди марг тавбаи онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ қабул нест. Барои қабули тавба имон лозим аст. Аммо барои муъмин Аллоҳтаъоло дари тавбаро кушода бошад ҳам, агар даст ба амалҳое занад, ки ба сифати муъминон дуруст наояд, аз гуноҳ нагардад, даст ба корҳои савоб назанад, сари вақт тавба накунад ва умраш ба поён расаду мурдани худро яқин кунаду пасон тавба кунад, тавбаи ингуна инсон, тавбаи хуб нест. Тавба дар он сурате фоидаовар аст, ки ҳоло аз дунё умедвор аст. Баъди Малакулмавтро дидан, тавба кардан чӣ тавба аст? Аллоҳтаъоло гуфтааст, ки барои ин гуна инсонҳо ва кофирон азоби аламноки Ҷаҳаннам омодааст. Хулоса, тавбаи кофир дар қиёмат ва тавбаи муъмин дар ҳолати баромадан (назъ)-и ҷон қабул нест. Агар кофир имон орад ва пеш аз баромадани ҷон ҳамчу муъмин тавба кунад, қабул аст.
Дар оятҳои баъдӣ роҷеъ ба халосии занҳо аз баъзе зулмҳои замони ҷоҳилият сухан меравад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «