Тафсири Сураи Нисо Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 22
وَلَا تَنْكِحُوا مَا نَكَحَ آبَاؤُكُمْ مِنَ النِّسَاءِ إِلَّا مَا قَدْ سَلَفَ ۚ إِنَّهُ كَانَ فَاحِشَةً وَمَقْتًا وَسَاءَ سَبِيلًا ٢٢
Ва ло танкиҳу мо накаҳа обаукум-м мина-н нисаи илло мо қад салаф. Иннаҳу кона фоҳишата-в ва мақта-в ва саа сабило. 22.
22. Бо он заноне, ки падарони шумо онҳоро никоҳ карда бошанд, никоҳ макунед. Лекин он чи гузаштааст, афв аст. Ҳаройина, никоҳи занони падарон кори бешармӣ ва сабаби хашми илоҳӣ ва роҳи бад аст.
Зулми дигаре, ки дар замони ҷоҳилият барои занҳо раво дида мешуд, ин буд, ки агар марде соҳиби чанд зан мебуду фавт мекард, (чуноне ки дар оятҳои қаблӣ гузашт), писари вай зани падари худро мерос бурда, мувофиқи одати он замон он зан мехост ё не, ба никоҳи худ медаровард. Акнун Исломи азиз бо нозил шудани ояти мазкур болои чунин ҳуқуқпоймолкунии ҷинси занҳо аз тарафи мардҳо ва ба ин одати фаҳш хати бутлон кашида фармуд, ки он зане, ки падари шумо бо никоҳи муқаддас никоҳ кардааст, барои шумо низ ҳамчу модар аст. Онро баъди фавти падар чун замони ҷоҳилият ба никоҳ даровардан, (аз ҷиҳати риоя ва эҳтирому бузургдошти падарони худ) ҳалол нест. Ин амалро ҳаргиз накунед, ҳар чӣ аз шумо гузашт, афв аст. Акнун шумо Ислом овардаед. Ба дину шариати нав қадам мондаед. Паи чунин амалҳои шармовари манфур нагардед, ин бисёр роҳи бад аст ва ғазаби Аллоҳро меорад. Вай модарандар ҳам бошад, ҳамсари падари шумост ва ҳамчу модари шумост.
Сабаби нузули ин оятро баъзе муфассирон чунин ривоят кардаанд: Абӯқайси Ансорӣ (р), яке аз саҳобагон, аз олам даргузашт, фарзанди ӯ хост, бо модарандари худ издивоҷ кунад, ҳатто хостгорӣ ҳам кард. Ҳамсари падараш ба ӯ гуфт: “Ман туро фарзанди худ медонам, барои худ ин корро шоиста намедонам. Ба ҳар тақдир аз Пайғамбари Аллоҳ (с) мепурсам, оё иҷозат мефармоянд ё не?” Хулоса, он зани бо андеша, аз Расулуллоҳ (с) аз ин масъала пурсон шуданд, ҳамоно буд, ки ояти мазкур нозил шуд ва чунин никоҳро ба шиддат наҳй фармуд.
Ал-Барро ибни Озиб мегӯяд, ки амакам Ҳорис ибни Умайр (р) байрақбардори Расулуллоҳ (с) буданд, байрақро бардошта аз наздам гузашт. Пурсидам, ки ай амак, ба куҷо меравӣ, Расулуллоҳ (с) шуморо имрӯз ба куҷо фиристод? Амакам дар ҷавоб гуфт: “Шахсе модарандари худро ба занӣ гирифта аст. Ба ман амр шудааст, ки каллаи ӯро гирам ва молашро ба байтулмол супорам. Албатта, ин амали номардумӣ тухми нифоқро дар байни фарзандони як шахс мекорад.” Яъне мусаллам аст, ки бародарон дар ҳамсар сохтани модарандари худ низоъ пайдо мекунанд. Ҳатто агар падар ҳаёт бошад миёни падару фарзанд ҳисси бадбинӣ пайдо мешавад. Зеро одатан чунин аст, ки шавҳари баъдӣ шавҳари қаблии зани худро бад мебинаду ҳасад дорад. Ин аз як тараф, аз тарафи дигар ин таҷовуз ба ҳаққи падар аст.
Хулоса, хоҳ падар аз олам гузашта бошад, хоҳ занеро талоқ дода бошад, писар ҳақ надорад он зани падари худро, ки баъзеҳо онро модари ӯгай ва баъзеҳо модарандар мегӯянд, ба никоҳи худ дарорад. Мисли ин занҳои бобокалонҳои худро (чи аз тарафи падарӣ ва чи аз тарафи модарӣ), мувофиқи далолат ва ҳукми ояти мазкур ба никоҳ даровардан ҷоиз нест.
Ҷамъияти мусалмононро аз урфу одатҳои ҷоҳилият тоза нигоҳ доштан, дар оятҳои баъдӣ идома дорад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «