Сураи Нисо Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 23

حُرِّمَتْ عَلَيْكُمْ أُمَّهَاتُكُمْ وَبَنَاتُكُمْ وَأَخَوَاتُكُمْ وَعَمَّاتُكُمْ وَخَالَاتُكُمْ وَبَنَاتُ الْأَخِ وَبَنَاتُ الْأُخْتِ وَأُمَّهَاتُكُمُ اللَّاتِي أَرْضَعْنَكُمْ وَأَخَوَاتُكُمْ مِنَ الرَّضَاعَةِ وَأُمَّهَاتُ نِسَائِكُمْ وَرَبَائِبُكُمُ اللَّاتِي فِي حُجُورِكُمْ مِنْ نِسَائِكُمُ اللَّاتِي دَخَلْتُمْ بِهِنَّ فَإِنْ لَمْ تَكُونُوا دَخَلْتُمْ بِهِنَّ فَلَا جُنَاحَ عَلَيْكُمْ وَحَلَائِلُ أَبْنَائِكُمُ الَّذِينَ مِنْ أَصْلَابِكُمْ وَأَنْ تَجْمَعُوا بَيْنَ الْأُخْتَيْنِ إِلَّا مَا قَدْ سَلَفَ ۗ إِنَّ اللَّهَ كَانَ غَفُورًا رَحِيمًا ٢٣

Ҳурримат ъалайкум уммаҳотукум ва банотукум ва ахавотукум ва ъаммотукум ва холотукум ва баноту-л-ахи ва баноту-л-ухти ва уммаҳотукуму-л-латӣ арзаънакум ва ахавотукум-м мина-р-разоъати ва уммаҳоту нисаикум ва рабаибукуму-л-лати фи ҳуҷурикум-м ми-н-нисаикуму-л-лати дахалтум биҳинна фа и-л лам такуну дахалтум биҳинна фа ло ҷуноҳа ъалайкум ва ҳалаилу абнаикуму-л-лазина мин аслобикум ва ан таҷмаъу байна-л-ухтайни илло мо қад салаф. Инналлоҳа кона Ғафура-р-Раҳимо. 23.

23. Барои шумо (никоҳи) модарони шумо ва духтарони шумо ва хоҳарони шумо ва аммаҳои шумо ва холаҳои шумо ва духтарони бародар ва духтарони хоҳар ва он модароне, ки шуморо шир додаанд ва хоҳарони разоии шумо ва модарони занҳои шумо ва духтарони занҳое ки дар парвариши шумоанд, аз он занҳое, ки ба онҳо хилвати саҳеҳа кардаед, ҳаром гардонида шуд. Пас, агар ба модари ӯ хилват накарда бошед, пас бар шумо (дар гирифтани духтари он зан) гуноҳе нест. Ва бар шумо ҳамсарҳои писарони шумо, ки аз пушту камари шумо бошанд, ҳалол нест. Ва (ҳаром аст) ин ки ҷамъ созед байни ду хоҳар, магар он чи, ки гузашт, афв аст. Ҳаройина, Аллоҳ омурзгору меҳрубон аст!

Баъди ҳукми ҳаром будани никоҳи модарандар дар ояти мазкур ҳукми ҳаром будани чанд тоифа занҳоро, (чӣ аз ҷиҳати насаб ва чӣ аз ҷиҳати разоъ ва чӣ ба василаи пайванди хешовандӣ), ишора намуда фармудааст, ки барои шумо модаронатон, яъне никоҳи модари худ ва модари ӯ ва модари падар (болотар аз онҳо низ), ҳаром ҳукм шудааст.

Зеро, модаркалонҳо низ модаранд. 2. Барои инсон духтарҳои худ ва фарзандони онҳо ҳарчанд поён раванд. 3. Хоҳарон чӣ модарӣ бошанд, чӣ падарӣ ва фарзандони онҳо. 4. Аммаҳои худ, яъне хоҳарони падар. 5. Холаҳои худ, яъне хоҳарони модар. 6. Духтарони бародар. 7. Духтарони хоҳар. Хулоса, никоҳи ин тоифа занҳои насабӣ барои инсон абадӣ ҳаром аст. 8-9-ум. Модари разоъӣ ҳам мисли модари насабӣ ҳаром аст. Масалан кӯдаке, ки ҳоло дусола нашудааст, аз зане, ғайри модари худ ҳадди ақал як қулт шир нӯшад, шариат он зани ширдеҳро модари кӯдак ҳисобида, ин зан ва духтару писару модари ӯ, барои он кӯдак мисли насаб хешовандони наздик ҳисоб шуда, никоҳашонро бо ҳам нораво донистааст. Яъне фарзандони ин гуна зан, барои ингуна кӯдак мисли апа ва хоҳари насабӣ ҳисоб шуда, никоҳашон ҳалол нест. Ҳатто барои инсон Худой нохоста бо роҳи ғайришаръӣ падараш зане гирифту духтаре ёфт, барои писари ӯ, никоҳи ин гуна духтар норавост. Зеро ӯ агарчӣ ҳаромзодааст, локин хоҳараш ҳисобида мешавад. 10-ум занҳое, ки пеш никоҳашон ҳаром набуд, акнун бо сабабе ҳаром шудаанд, чун модарарӯс. 11-ум духтарони зан, ки дар парвариши касе бошанд, агар бо модари онҳо ҳадди ақал хилвати саҳиҳа карда бошад. Яъне марде занеро гирифт, ки ӯ аз шавҳари қаблии худ духтаре дорад, агар бо модари ингуна духтарҳо хоҳ бо никоҳ ё бе никоҳ хилвати саҳиҳа карда бошад, дар никоҳ даровардани ин гуна духтарон ҳаром аст. Хилвати саҳиҳа он аст, ки моҳи рамазон набошад, ё дар намози фарзӣ ният накарда бошад, ё чунин касе набошад, ки ба омезиш қодир набошад, дақиқае чанд дар ҷои хилват истанд, хоҳ бо ҳам омезиш шуда бошанд ё не, онро хилвати саҳиҳа меноманд. Локин бо муҷарради никоҳи модар, бе ҳамбистарӣ аз ҳамдигар ҷудо шаванд, духтари ӯро ба никоҳ даровардан мумкин аст. 12-ум зани писаре, ки аз пушту камари шумо ба дунё омадааст. Аммо зани писархонд ва зани писарандар ҳаром нест. 13-ум, дар як вақт, бо никоҳ омезиши ду зане, ки бо ҳам апа ва хоҳаранд, яъне бояд яке аз онҳо дар никоҳ бошад, на ҳарду баробар. Дигаре аз онҳо замоне ҳалол мешавад, ки хоҳ аввал мурад ё талоқ шаваду иддааш барояд. Бо ин монанд ҷиян


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

ва хола ё ҷияну аммаро дар як замон бо никоҳ бошад ҳам, истифода бурда намешавад. Агар рафту апа ва хоҳар ё ҷияну хола ё ҷияну аммаро дар никоҳ дароварад, то яке аз онҳоро ошкоро ҳаром нагардонад, бо они дигар ҳамбистарӣ ҳаром аст. Дар давоми оят омадааст, ки “магар ончӣ гузашт, авфаст”.

Яъне, то ҳукми ояти мазкур нозил шудан, касоне, ки бо ин гуна никоҳ даст доштаанд, агар баъди фаҳмидан, дарҳол ҷудо шаванд, кори гузаштаашон афв аст, Аллоҳтаъоло онҳоро ваъдаи бахшидан додааст, зеро, Аллоҳтаъоло омурзандаву барои бандагони аз гуноҳ пушаймоншудаи худ ниҳоят меҳрубон аст. Барои иттилои бештар метавонед ба қисми 2-юми китоби “Ҳидоя” (бо хати кириллӣ) муроҷиат кунед).

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)