Тафсири Сураи Нисо Ояти 36 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 36
۞ وَاعْبُدُوا اللَّهَ وَلَا تُشْرِكُوا بِهِ شَيْئًا ۖ وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا وَبِذِي الْقُرْبَىٰ وَالْيَتَامَىٰ وَالْمَسَاكِينِ وَالْجَارِ ذِي الْقُرْبَىٰ وَالْجَارِ الْجُنُبِ وَالصَّاحِبِ بِالْجَنْبِ وَابْنِ السَّبِيلِ وَمَا مَلَكَتْ أَيْمَانُكُمْ ۗ إِنَّ اللَّهَ لَا يُحِبُّ مَنْ كَانَ مُخْتَالًا فَخُورًا ٣٦
۞ Ваъбудуллоҳа ва ло тушрику биҳи шай-ав ва би-л-волидайни иҳсона-в ва бизи-л қурбо ва-л-ятомо ва-л-масокини ва-л-ҷори зи-л-қурбо ва-л-ҷори-л-ҷунуби ва-с-соҳиби би-л-ҷанби вабни-с-сабили ва мо малакат аймонукум. Инналлоҳа ло юҳиббу ман кона мухтолан фахуро. 36.
36. Ва аз Аллоҳ битарсед ва ба Ӯ чизеро шарик нагардонед ва ба падару модар ва ба хешовандон ва ба ятимон ва ба мискинҳо ва ба ҳамсояи қариб ва ба ҳамсояи бегона ва ба ҳамнишини наздик ва ба мусофир ва (ба) он чи молики он шуд дасти шумо, (ғуломон ва канизонро) некӯкорӣ кунед! Ҳаройина, Аллоҳ касеро, ки мутакаббиру фахрфурӯш бошад, дӯст намедорад,
Бо мулоҳиза, зимни ояти мазкур як силсила ҳуқуқҳои исломӣ аз ҳаққи Аллоҳ ва бандагон ва аз риояи ҳусни одоби он ҳуқуқҳо, хулоса, дасти кам даҳ дастуре аз онҳо баён мешавад. Дар нахуст, мардумро даъват ба тавҳид намуда, фамудааст, ки мардум бояд Аллоҳи ягонаро ибодат кунанд ва ба Ӯ таъоло чизеро шарик наоранд. Ҳадиси Расулуллоҳ (с)-ро дар ин ҷо овардан айни муддаост, ки ӯ (с) ба Муъоз ибни Ҷабал (р) фармуданд: “Ай Муъоз, оё медонӣ, ки ҳаққи Аллоҳтаъоло бар бандагон чист?” Муъоз гуфтанд: “Аллоҳ ва Расули Ӯ ба ин кор донотаранд.” Расулуллоҳ (с) фармуданд: “Ҳаққи Аллоҳ бар бандагони худ он аст, ки Ӯро бипарастанд ва чизеро ба Ӯ шарик наёваранд.” Сипас фармуданд: “Оё медонӣ, ки (агар) бандагон ин амалро анҷом диҳанд, ҳаққи бандагон бар Аллоҳ чист? Ҳаққи онҳо он аст, ки онҳоро азоб накунад.”
Ояти мазкур дар дувум супориши худ ишора ба ҳаққи падару модар намуда, тавсия мекунад, ки мардум ба падару модар чи дар сухан, чи дар нафақа додани онҳо, дар ҳолате ки онҳо ба фарзанд ниёз доранд, бояд накӯкор бошанд. Дар ҳақиқат, накуӣ ба падару модар дар чаҳор сураи Қуръони маҷид, баъди баёни тавҳид бо таъкид қарор ёфтааст. “Бақара”, о.83, “Анъом”, о.151, “Асро”, о.3 ва ин ояти зикршуда. Иншоаллоҳ, дар хусуси ҳаққи падару модар дар оятҳои номбурда ва хусусан дар сураи “Луқмон” шарҳҳои муфассале хоҳем овард.
Сипас, ояти мазкур дар 3-юмин амри худ дастур ба он медиҳад, ки ба ҳама хешовандон, чи аз тарафи модар бошанд, чи аз тарафи падар, некӣ кунед. Дар ҳақиқат, дар Қуръони маҷид ва ҳадисҳои набавӣ таъкиди ин қазия гоҳо бо калимаи эҳсон, гоҳо бо силаи раҳм фаровон омадааст. Шояд барои он бошад, ки дар баробари мушкилот ва ҳодисаҳо ёри ҳамдигар бошанд ва аз ҳуқуқи ҳамдигар пуштибонӣ кунанд. Яке аз ҳадисҳои Расулуллоҳ (с)-ро дар ин ҷо овардан ба маврид аст, ки ӯ (с) бо ривояти Имом Насоӣ (р) фармуданд: “Садақае, ки ба мискин дода мешавад, он садақа аст. Аммо садақае, ки ба хешон дода мешавад, ҳам садақа аст ва ҳам силаи раҳм аст.”
Дар 4-умин амр ояти мазкур ишора ба ҳуқуқи ятимҳо намуда, шахсони боимонро тавсия ба он медиҳад, ки дар ҳаққи ятимон некӣ кунед. Зеро ҳеҷ ҷамоате нест, ки дар асари ҳодисаҳо баъзе кӯдакон бепадар намонанд. Агар ятимон бе сарпарасту бе нигоҳбон монанд, онҳо ҳамчу шахсони хатарнок ва ҷинояткор ба воя мерасанд, на ин ки ҳоли онҳо дар хатар аст, балки зиёни онҳо ба ҷомеа низ мерасад.
Чун ҷомеаҳо аз мустамандон холӣ нестанд, бинобар ин, дар 5-умин амр ҳоли мискинҳо (мустамандон)-ро ёдоварӣ намуда, фармудааст, ки шахси мусалмон бояд ба мустамандон некуӣ кунад. Зеро, фаромӯш сохтани мискинҳо ба аслҳое, ки марбут ба инсону инсонгарӣ ва давлатдорӣ доранд, созгор нест. Дар хусуси ятимпарварӣ ва кӯмаки мискинон ҳадисҳои фаровоне аз Расулуллоҳ (с) ривоят шуддаст, иншоаллоҳ, дар мавзеи худашон баён мешаванд.
Сипас, дар 6-умин амр ояти мазкур тавсия ба он мекунад, ки шахси мусалмон бояд ба ҳамсоягон, хусусан ба ҳамсояи наздик некӣ кунад. Муфассирони олиқадр оиди ҳамсояи наздик суханҳои гуногунеро гуфтаанд, локин ҳамаи эзоҳоти онҳо ба мазмуни ояти мазкур созгор аст. Масалан, мақсади баъзеашон аз ҳамсояи наздик ҳамсояест, ки девор ба девор часпидааст. Баъзе муфассирин мақсад аз ҳамсояи назд
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «
ик шахсеро донистаанд, ки дар ба девор асту байнашон хешу таборӣ вуҷуд дорад. Баъзе аз онҳо гуфтаанд: Мурод аз ҳамсояи наздик шахсеро гӯянд, ки бо вуҷуди ҳамсоя будан, ҳамдину ҳаммазҳабанд.
Дар 7-умин супориш ояти мазкур фармудааст, ки шахси мусалмон бояд ба ҳамсоягоне, ки онҳо бегонаанд, яъне қатъи назар хоҳ мусалмонанд, хоҳ яҳудӣ, хоҳ насронӣ, бояд ба онҳо накӯӣ кунад. Хулоса, ҳар чӣ қадар манзил наздиктар бошад, ҳаққи ҳамсоягӣ бештар аст. Дар ҳадиси ривояткардаи Имом Аҳмад (р) аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) омадааст, ки Расулуллоҳ (с) фармудаанд: “Ҷибриил (а) дар хусуси ҳамсоягон ба ман чунон тавсия мекард, ки гумон бурдам, ки ҳамсоя аз ҳамсоя дар ояндаи наздик мерос мебарад.” Дар ҳадиси дигаре Абӯбакр ал-Баззор аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) ривоят кардаанд, ки Расулуллоҳ (с) фармудаанд: “Ҳамсояҳо се хел мешаванд: Ҳамсояе ҳаст, ки як ҳаққ дорад. Ҳамсояе ҳаст, ки ду ҳаққ дорад. Ҳамсояе ҳаст, ки се ҳаққ дорад. Акнун ҳамсояе, ки як ҳаққ дорад, ӯ мушрик аст. Ӯ фақат ҳаққи ҳамсоягӣ дораду халос. Агар ҳамсоя мусалмон бошад, ду ҳақ дорад, як ҳақ, ҳаққи хамсоягӣ ва як ҳаққи мусалмонӣ. Аммо ҳамсояе, ки се ҳаққ дорад, ӯ ҳамсояе ҳаст, ки ӯ хешу таборӣ дорад. Як ҳақ ҳаққи ҳамсоягӣ ва як ҳақ, ҳаққи мусалмонӣ ва як ҳақ, ҳаққи хешу таборӣ.”
Дар 8-умин супориш ояти мазкур мефармояд, ки бо ҳамнишини дар паҳлӯ буда, эҳсон кунед. Муфассирон мурод аз ҳамнишини дар паҳлӯ нишаста шарики дар сафар, ё дар ширкати тиҷоратӣ, ё рафиқи дар омӯзиши илм, ё омӯзиши санъат, ҳатто ҳамсарро низ донистаанд. Хулоса, шахси мусалмон бояд бо шарику ҳамкасби худ ҳаддал имкон дар муносибати хуб, дар хайру эҳсон бошад.
Дар 9-умин супориши ин оят омадааст, ки шахси мусалмон барои шахсони дарроҳмонда бояд кӯмак кунад, то азроҳмонда бо кӯмаки ӯ битавонад, ба ватани худ расад. Дар шариат одами дар роҳмондаро ибни сабил (бачаи роҳ) меноманд. Ибни сабил агарчӣ дар мамлакати худ тавонгар ҳам бошад, айни ҳол ба нодории ҳозирааш нигариста, ҳатто ба ӯ закот ҳам дода шавад, закот аз закотдиҳанда соқит мешавад. Зеро шариат чунин шахсро яке аз масорифи закот ҳисобидааст.
Дар 10-умин фармоиши ояти мазкур омадааст, ки инсон ба ғуломҳо ва канизҳое, ки зери дасти ӯ, ё дигарон мондаанд, бояд кӯмаку эҳсон кунад. Эҳсони аз ҳама хубтар озод кардани онҳост ё барои озод шудани онҳо ёрӣ расонидан ва бо онҳо дар муносибати хуб будан аст. Дар ҳадиси Расулуллоҳ (с) барои кӯмаки ғуломон чунин дастур омадааст: “Ғуломон ва канизон аз ҳамон ғизое таъом дода шаванд, ки соҳибони онҳо мехӯранд. Онҳо аз ҳамон либосе пӯшанд, ки моликони онҳо мепӯшанд. Онҳоро ба кори тоқатфарсо таклиф накунед! Агар мекунед онҳоро ёрӣ диҳед.” Дар ҳақиқат ҳаққи Аллоҳ аз ҳаққи бандагон ҷудо нест, бинобар ин, ояти мазкур бо ҳаққи Аллоҳ шурӯъ шуд ва бо баёни ҳаққи бандагон анҷом ёфт ва васият намуд, ки дар ҳаққи бандагон некбин бошанд. Дигар ин, ки ояти мазкур танҳо ояте нест, ки дар бораи некӯӣ бо ғуломон ва канизон тавсия шуда бошад, балки дар ин хусус дар дигар оятҳои Қуръон баҳсҳои фаровоне омадааст. Ҳатто дар ин хусус дини Ислом барномаи дақиқе тартиб додааст, ки ҳама ғуломон метавонанд, бо тадриҷ ба озодӣ расанд. Чунин барномаҳоро аз китобҳои фиқҳ хоҳишмандон дастрас карданашон мумкин. Дар дунё ҳеҷ ҷамъияте нест, ки аз ин даҳ тоифа, ки ба эҳсону кӯмак мӯҳтоҷанд, холи бошад. Зеро кӯмак расонидан ба онҳо аз як тараф байни оилаҳо ва ҷамъиятҳо алоқаи зичро барқарор мегардонад. Аз тарафи дигар шахсоне, ки ин дастурҳоро ба ҷо меоранд, шахсони ҳавобаланду фахрфурӯш нестанд.
Аммо ба шахсоне, ки аз ин гуна амалҳо дурӣ ҷустаанд, дар ҷумлаи охири ояти мазкур ҳушдор дода фамудааст, ки ҳаройина, Аллоҳ шахсони мутакаббир ва фахрфурӯшро дӯст намедорад. Бале! Шахсоне ҳастанд, ки худро аз ҳамсоягон бо сабаби бемулоҳизагӣ ва бепарвоӣ бо кадом роҳе, ки бошад, дар мартабаи баланд меҳисобанд. Аз мансаби худ суйистифода карда, фахрфурӯшӣ намуда, худситоию гарданфарозӣ ва бузургнамоӣ мекунанд, ҳол он, ки кӯпруки сиротро нагузаштаанд, Аллоҳтаъоло, ин гуна шахсонро дӯст намедорад.
Дар ояти баъдӣ шахсони сифати бад дошта мавриди накӯҳиш қарор гирифтаанд.