Тафсири Сураи Нисо Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 42
يَوْمَئِذٍ يَوَدُّ الَّذِينَ كَفَرُوا وَعَصَوُا الرَّسُولَ لَوْ تُسَوَّىٰ بِهِمُ الْأَرْضُ وَلَا يَكْتُمُونَ اللَّهَ حَدِيثًا ٤٢
Явмаизи-н явадду-л лазина кафару ва ъасаву-р-расула лав тусавво биҳиму-л-арзу ва ло яктумуналлоҳа ҳадисо. 42.
42. Дар он рӯз касоне, ки кофиранд ва Пайғамбарро фармон набурдаанд, орзу кунанд, ки эй кош Замин бар онҳо ҳамвор карда шавад ва ҳеҷ ному нишоне аз онҳо намонад. Ва аз Аллоҳ ҳеҷ суханеро пӯшида натавонанд.
Чун барои исботи гуноҳи ҳар уммат (гурӯҳ) дар он рӯз гувоҳ хоста мешавад, кофирон ва гунаҳгороне, ки ба фиристодаҳои Аллоҳ ба мухолафат бархостанд, даҳшату дигар сахтиҳои рӯзи қиёмат ва шармандаю хорузор шудани худро пай мебаранд, аз кирдори худ бе ҳадд пушаймон шуда, орзуҳо намуда, мегӯянд, ки эй кош, Замин кафаду моро фурӯ барад, то несту нобуд шавему болои мо Замин ҳамвор шавад ва ному нишоне аз мо набошаду азобу даҳшати ин рӯзи сахтро набинем. Ҳатто дар он рӯз аз инсон будани худ пушаймон шуда, чуноне ки дар охири сураи “Набаъ” мегузарад, хок шудани худро афзал медонанд. Локин афсӯс, ҳама марҳалаҳои қиёматро яке паси ҳам мебинанд, ҷазои амалҳои худро мечашанд ва қудрате надоранд, ки суханҳои гуфтаи худро дар он рӯз аз Аллоҳ пинҳон кунанд, зеро ҳама аъзои (аъзо- ҷамъи узв) бадани онҳо алайҳи онҳо шоҳидӣ медиҳанд.
Дидем, ки маҷмӯи оятҳои гузашта аз даъват ба ибодати Аллоҳ ибтидо шуда, бо манъ намудани ширк овардан ба Ӯ таъоло ба охир расиданд. Оятҳои баъдӣ бошанд, хитоб ба муъминон намуда, ба адои сутуни дин, ки намоз аст, амр мекунанд ва дар онҳо аз ибодате, ки пеш аз намоз бояд иҷро шавад, яъне аз таҳорат ҳам сухан меравад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «