Сураи Нисо Ояти 41 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 41 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 41

فَكَيْفَ إِذَا جِئْنَا مِنْ كُلِّ أُمَّةٍ بِشَهِيدٍ وَجِئْنَا بِكَ عَلَىٰ هَٰؤُلَاءِ شَهِيدًا ٤١

Фа кайфа изо ҷиъно мин кулли умматин би шаҳиди-в ва ҷиъно бика ъало ҳаулаи шаҳидо. 41.

41. Пас, чӣ гуна бошад ҳоли мардум, он гоҳ ки аз ҳар уммат гувоҳе биёварем ва туро бар ин уммат гувоҳ биёварем?

Ин ақида саҳеҳ аст, ки ҳар пайғамбареро Аллоҳ таъоло барои уммате фиристодааст (ба ҷуз Паёмбари гиромии мо (с), ки барои тамоми башарият фиристода шудааст). Он пайғамбар (а) албатта уммати худро ба роҳи рост даъват намуда, амру наҳйи илоҳиро ба онҳо расонидааст. Бинобар ин, Аллоҳтаъоло бори дигар дар ин оят аз шиддати рӯзи қиёмат ба шахсоне, ки сифаташон дар оятҳои қаблӣ гузашт, бо саволи дилкӯбкунанда хабар додааст, ки дар он рӯзи ҳавлнок мо пайғамбаронро барои уммати худ, ҳамчу шоҳид ҳозир месозем ва онҳо бар кирдори уммати худ шоҳидӣ медиҳанд. Акнун шахсоне, ки пайғамбарони замони худро итоат накарда, бадкирдор шуда, даст ба фисқу фуҷуру куфр заданд, дар он рӯзи ҷонгудоз чӣ кор карда метавонанд?

Дар давоми оят, хитоб ба Расулуллоҳ (с) омада, ки туро ҳам бар онҳо ҳамчу гувоҳ меорем. Яъне, ай Муҳаммад (с), туро ба касоне, ки пайғоми илоҳиро ба онҳо расонидӣ, гувоҳ меорем, то бар имондории мӯминон ва бар куфри кофирон ва бар нифоқи мунофиқон, то фасоду амалҳои бади онҳо зоҳир шавад, гувоҳӣ диҳӣ. Дар он рӯз ҳатто замин ҳам шоҳидӣ медиҳад. Чӣ гуна бадкорон метавонанд, ҳақиқатро инкор кунанд ва худро аз ҷазои муқарраршуда халос кунанд??? Чандин оятҳои Қуръони маҷид ин маъноро таъкид мекунанд. Аз он ҷумла ояти зер, яъне ояти 42-юми ҳамин сура ва ҷузъи ояти 40-уми сураи “Набаъ”. Бо овардани ҳадиси ривояткардаи Ибни Масъуд (р) эзоҳи ояти мазкурро ба охир мебарем. Номбурда мегӯяд: Расулуллоҳ (с) ба ман фармуд: “Барои ман Қуръон бихон!” Гуфтам: “Ё Расулаллоҳ, ман барои Шумо Қуръон бихонам, ҳол он ки Қуръон барои Шумо нозил шудааст?” Расулуллоҳ (с) фармуданд: “Оре! Ман дӯст дорам, ки Қуръонро аз дигарон шунавам.” Пас, Ибни Масъуд (р) мегӯяд: Ба хондани сураи “Нисо” аз ояти аввал шурӯъ намудам, чун ба ояти 41-ум расидам, Расулуллоҳ (с) фармуданд: “Бас, кифоя аст!” Дар ин асно ба чеҳраи Расулуллоҳ (с) нигаристам, дидам, ки чашмонаш аз ашк лабрезанд ва худ ояти 17-уми сураи “Моида”-ро хонданд.” Иншоаллоҳ, дар мавзеи худ эзоҳ мешавад. Хулоса, чун қиёмат қоим шавад, ҳама ҳақиқат маълум гардад. Кофирону мунофиқон…


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 40 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)