Тафсири Сураи Нисо Ояти 46 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 46
مِنَ الَّذِينَ هَادُوا يُحَرِّفُونَ الْكَلِمَ عَنْ مَوَاضِعِهِ وَيَقُولُونَ سَمِعْنَا وَعَصَيْنَا وَاسْمَعْ غَيْرَ مُسْمَعٍ وَرَاعِنَا لَيًّا بِأَلْسِنَتِهِمْ وَطَعْنًا فِي الدِّينِ ۚ وَلَوْ أَنَّهُمْ قَالُوا سَمِعْنَا وَأَطَعْنَا وَاسْمَعْ وَانْظُرْنَا لَكَانَ خَيْرًا لَهُمْ وَأَقْوَمَ وَلَٰكِنْ لَعَنَهُمُ اللَّهُ بِكُفْرِهِمْ فَلَا يُؤْمِنُونَ إِلَّا قَلِيلًا ٤٦
Мина-л-лазина ҳоду юҳаррифуна-л-калима ъам мавозиъиҳо ва яқулуна самиъно ва ъасайно васмаъ ғайра мусмаъи-в ва роъино лайян би алсинатиҳим ва таънан фи-д-дин. Ва лав аннаҳум қолу самиъно ва атаъно васмаъ ванзурно лакона хайра-л-лаҳум ва ақвама ва локи-л лаъанаҳумуллоҳу би куфриҳим фа ло юъминуна илло қалило. 46.
46. Баъзе аз касоне ки яҳудитаборанд, калимаҳоро аз ҷойҳои худ тағйир медиҳанд ва мегӯянд: «Шунидем суханатро ва нофармонӣ кардем амратро». Ва мегӯянд: «Бишнав, дар ҳоле ки ғайри шунаванда бошӣ!». Ва бо луғати хеш суханро бо забонҳояшон мепечонанду «Роъино» мегӯянд, дар ҳоле ки дар дин таъна мезананд. Ва агар онҳо мегуфтанд: Шунидем ва фармонбардорӣ кардем ва ба ҷои «роъино» «унзурно» (муҳлат деҳ) мегуфтанд, ҳаройина, барои онҳо беҳтару дурусттар буд. Валекин Худованд онҳоро ба сабаби куфрашон лаънат кардааст. Пас, ба ҷуз андаке аз онҳо имон намеоранд.
Зимни ояти мазкур Аллоҳтаъоло чанд сифати душманони Исломро эзоҳ дода, ба қисме аз амалҳои онҳо ишора намуда, фармудааст, ки миёни яҳудиён касоне ҳастанд, ки ибораҳо ва калимаҳои Тавротро, беҷо сохта дар онҳо ҳам аз ҷиҳати лафз ва ҳам маъно тағйрот даровардаанд. Яъне, сифатҳои Расули Аллоҳ (с)-ро, ки дар Таврот зикр шуда буд, бардоштанд ва ба ҷои онҳо дигар калимаҳоро навиштанд. Маънои ҳақиқии оятҳои Тавротро (мисли оятҳои сангсор кардани зинокорон) бо хоҳиши худ маънидод намуданд, ки мухолифи ибораҳои аслии Таврот буд. Чун Расулуллоҳ (с) ҳукмеро ба онҳо мешунавониду онҳоро ба имон даъват менамуд, яҳудиён ба ҷои ин ки гӯянд, шунидем, акнун итоат мекунем, онҳо баръакс куфрашонро боло бурда, дар ҷавоб гуфтанд, шунидем суханатро! Аммо оҳиста мегуфтанд “асайно”, яъне амри шуморо қабул надорем. Дар ҳақиқат ҷавоби онҳо ба сухани касоне монанд аст, ки бо мазоҳу масхара мегӯянд: “Аз шумо гуфтан ва аз мо гӯш накардан.”
Ҷумлаи баъдӣ, ишора ба қисмати дигаре аз суханҳои адоватомези онҳо намуда, фармудааст, ки яҳудон чун ҳазрати Муҳаммад (с)-ро мухотаб қарор медоданд, мегуфтанд. “Бишнав, ту шунаванда нашавӣ”. Ингуна суханҳо мисли калимаи “роъино”, ки дар ин оят ва дар ояти 104-уми сураи “Бақара” гузашт, дорои ду маъноанд. Агар “бишнав, ту шунаванда нашавӣ” ба маънои хуб истеъмол шавад, маънои дуо ва бузургдоштро дошта, зоҳиран дуои хайраст. Яъне ту ҳамеша ғолибу мӯҳтарам бошӣ, ҳеҷ кас натавонад суханҳои баду мухолифро ба ту шунавонад. Агар ба маънои бадӣ истеъмол шавад, маънои “ту кар шавӣ”-ро дорад. Яҳудиён чун бо Расулуллоҳ (с) гуфтугӯ мекарданд, доимо он калимаҳоро бо маънои таҳқиру нафрин ва дуои бад ирода карда, онҳоро бо дигар калимаҳо омехта, забони худро “каҷ” намуда, мегуфтанд, ки касе мақсади онҳоро чандон пай намебурд. Инчунин онҳо аз суханҳои саҳобагон ҳам сӯиистифода намуда, ба ҷои калимаи “Роъино”, ки маънои он ба ҳоли мо нигар, моро андак мӯҳлат деҳ, то ҳақиқатро ва суханҳои туро хубтар фаҳм кунем, дорад, дигар калимаро истифода мекарданд, яъне он калимаро бо кашиши ҳарфи севум ва бо ташдид хондани ҳарфи чаҳоруми он “Роъӣнно” талаффуз мекарданд, ки маънои он “ту ахмақ, ту шуббон, ту ҷоҳил” ва ғайра аст. Хулоса, ботини яҳудиён, ки хабис аст, чун аз саҳобагон калимаҳоро мешуниданд, дарҳол бо нияти бад, маънои ибронии онро истеъмолу дастовез намуда, дар силсилаи суханҳои худ меомехтанду чунон вонамуд мекарданд, ки гӯё Пайғамбар (с) (наъузу биллоҳ) мардумро дар ғафлат нигоҳ медорад. Яъне ба гумони худ Пайғамбар (с)-ро масхаракунон механдиданд. Агар ба онҳо гуфта мешуд, ки чаро ин суханҳоро истифода мекунед? Онҳо дар ҷавоб мегуфтанд: “Шумо ҳам мегӯед-ку?” Ин ҳама ба мақсади он буд, ки ҳеҷ набошад, ҳақиқатро бо забонҳояшон аз меҳвари асосӣ баргардонанду ба дини ҳақ таънаҳо зада гӯянд, ки агар ин шахс пайғамбар бошад, чаро ин фиребҳои моро кашф намекунаду намефаҳмад? Локин Аллоҳтаъоло
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «
аввалан дар ояти 104-уми сураи “Бақара” мусалмононро ба гуфтани ин гуна суханҳо ва худро ба кофирон монанд сохтан манъ намуд ва дар ин оят бошад, ҳилаҳои онҳоро ошкор намуд ва дар давоми оят фармуд, ки агар онҳо назди Расулуллоҳ (с) ба ҷои ин ҳама ҳилабозию, душманӣ ва беодобӣ роҳи ростро пеш мегирифтанд ва мегуфтанд, ки ба итоати ӯ (с) даромадем, суханҳои моро бишнав, моро риоя куну мӯҳлат деҳ, то ҳақиқатро комилан дарк кунем, ин ба фоидаи онҳо буд ва ба адолату мантиқу одоб комилан наздику мутобиқ буд. Бо ибораи дигар: Худованд дар ин оят се сухани бади яҳудро эзоҳ намуда фармуд, ки агар онҳо ба ҷои “ъасайно” “атаъно” ва дар ивази “исмаъ ғайра мусмиъин” – “суханҳои маро бишнав” ва дар бадали “роъино” -“унзурно” мегуфтанд, ҳоли онҳо беҳтар мешуд ва дигар ҳеҷ шубҳае намемонд, ки ин калимаҳо нияти (маънои) бади онҳоро ифода кунанд. Акнун бо дустури ин оят амал накарданд, Аллоҳтаъоло онҳоро лаънат хонд ва аз раҳмати Худ дурашон сохт. Онҳо имон намеоранд, агар имон оранд, ҳам иддаи каме аз онҳо имон меорад. Баъзе аз муфассирон ҷузъҳои охири ин оятро хабарҳои ғайбӣ донистанд, зеро чи тавре ки Қуръони карим хабар додааст, дар ҳақиқат дар тӯли таърихи Ислом, танҳо иддаи каме аз яҳудиён имон оварданду ба Ислом пайвастанд. Бақияи онҳо аз рӯзҳои аввал шурӯъ карда, на ин ки имон намеоранд, балки доимо алайҳи Ислом дар ҷангу ҷидоланд. Сухани Аллоҳтаъоло доимо росту дуруст аст.
Аллоҳтаъоло дар ояти зер аҳли китобро даъват мекунад, ки ба Қуръон имон биёранд ва онҳоро аз “масх” (дигаргун шудани сурат) ва аз дода шудан ба ҳиссиёт ҳушдор дода мефармояд, ки: