Тафсири Сураи Нисо Ояти 45 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 45
وَاللَّهُ أَعْلَمُ بِأَعْدَائِكُمْ ۚ وَكَفَىٰ بِاللَّهِ وَلِيًّا وَكَفَىٰ بِاللَّهِ نَصِيرًا ٤٥
Валлоҳу аъламу би аъдаикум. Ва кафо биллоҳи валийя-в ва кафо биллоҳи насиро. 45.
45. Ва Аллоҳ ба душманони шумо донотар аст ва Аллоҳ вали (сарпараст)-и шумо (бошад) кофӣ аст. Ва Аллоҳ мададгори шумо (бошад) бас аст.
Аллоҳтаъоло зимни ояти мазкур мусалмононро хабар дода фармудааст, ки ай муъминон, ман аз шумо дида, дар шинохти душманҳои шумо донотарам. Чун Худованд душманони муъминонро медонад, ҳар чӣ қадар онҳо маккор бошанд ҳам, набояд мусалмонон аз онҳо тарсанд. Зеро дар давоми ояти мазкур ваъдаи Аллоҳ бо такрор омада фармудааст, ки барои сарпарастии мусалмонон ва барои мададу нусрати онҳо Аллоҳ кифоя аст. Аз ғайри Аллоҳ сарпарастиву нусратро наталабед. Фақат аз Аллоҳ дар ҳама кор умеду ёварӣ пурсидан дуруст аст, на аз ғайри Ӯтаъоло.
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «