Тафсири Сураи Нисо Ояти 47 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 47
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ آمِنُوا بِمَا نَزَّلْنَا مُصَدِّقًا لِمَا مَعَكُمْ مِنْ قَبْلِ أَنْ نَطْمِسَ وُجُوهًا فَنَرُدَّهَا عَلَىٰ أَدْبَارِهَا أَوْ نَلْعَنَهُمْ كَمَا لَعَنَّا أَصْحَابَ السَّبْتِ ۚ وَكَانَ أَمْرُ اللَّهِ مَفْعُولًا ٤٧
Йа айюҳа-л-лазина уту-л-китоба омину би мо наззално мусаддиқа-л лимо маъакум-м мин қабли анн-натмиса вуҷуҳан фа наруддаҳо ъала адбориҳа ав налъанаҳум камо лаъанна асҳоба-с-сабт. Ва кона амруллоҳи мафъуло. 47.
47. Эй касоне, ки ба шумо Китоб дода шуд, он чиро, ки фуруд фиристодем тасдиқкунандаи он чӣ ки ҳамроҳи шумост, пеш аз он ки чеҳраҳоро дигаргун гардонем, ба он имон биёред. Пас, рӯйҳоро бар пушти онҳо мегардонем ё онҳоро, чуноне ки аҳли рӯзи шанберо лаънат кардем, лаънат кунем. Ва ҳукми Аллоҳ бешак, анҷомёбанда аст.
Сабаби нузули ин оятро муфассирони олиқадр аз он ҷумла дар тафсирҳои Ҳусайнӣ ва Ҷалолайн бо ривояти Ибни Исҳоқ аз Ибни Аббос (р) чунин овардаанд, ки ҳазрати Рисолатпаноҳ (с) аҳбор (сардамдорон)-и яҳудро (чун ибни Сувайр ва Каъб ибни Ашраф, ё Усайд)-ро талабид ва ба онҳо гуфт: “Ай ҷамоаи яҳудон, аз Аллоҳ битарсед ва дар доираи имон қадам ниҳеду Ислом оред. Ба Аллоҳ қасам, ки албатта, медонед ончиро, ки ман аз тарафи Аллоҳ барои шумо овардам, ҳаққаст ва ба шумо дар Таврот аз ҳоли ман хабар додаанд, барои ин ки шумо бо ман имон биёред, аз шумо дар он аҳду паймони фаровоне гирифта шудааст.” Онҳо дар ҷавоб гуфтанд, мо на туро мешиносем ва на аз наъти ту ва на аз сифати Қуръон хабар дорем. Ҳамоно буд, ки ояти мазкурро Аллоҳтаъоло бо ду навъи ваъид нозил намуд ва дар он аҳли китобро бо хитоб амр намуд, ки ай касоне, ки ба шумо китоби осмонӣ дода шуд, пеш аз он ки руйҳоятон ба қафо нагардаду тағйир наёбад, ё мисли шахсоне, ки ҳурмати рӯзи шанберо шикастанду ба лаънати Аллоҳ гирифтор шуданд ва сураташон ба маймуну хук бадал шуд, сурати шумо ҳам бадал нашавад, ба он чӣ, ки баъди Таврот нозил намудем, яъне ба Қуръон, ки тасдиқкунандаи Тавроту Инҷил аст, имон биёред, вагарна аз иҷрои амри Аллоҳ доимо чӣ ҳозир, чӣ баъд дар ҷараён аст, шумо халосӣ надоред.
Сабаби аҳли китобро ин қадар сахт ва бо ду навъ ҷазо таҳдид намудани Аллоҳтаъоло дар он аст, ки онҳо на ин, ки ҳаққро шинохтанду ба Қуръон имон наоварданд, балки алайҳи он амал кардаанд. Таҳдиди аввал: аломатҳои инсонӣ аз рӯи онҳо нест карда шуда рӯяшон ба тарафи кафо гардонида мешавад. Бо ин ҳолат онҳо на ба пеш, балки ба қафо ҳаракат мекунанд. Мувофиқи баъзе ривоятҳо онҳо ба ин ҷазо ҳарчанд ҳозир гирифтор нашаванд ҳам, бо наздикшавии қиёмат, албатта, гирифтор мегарданд.
Таҳдиди дуввум гирифтор кардант саркашон ба ҷазои монанди ҷазои асҳоби шанбе аст.
Ин қисса дар сураи “Аъроф”, оёти 163 то 166, иншоаллоҳ, эзоҳи муносибе дорад, лекин дар ин ҷо ҳамчу муқаддима мухтасаран аз он нақл мекунем. Асҳоби шанбе тоифаи яҳудӣ буданд, ки мувофиқи шариати замонашон барои онҳо рӯзи шанбе кор кардан, (аз он ҷумла моҳӣ доштан) манъ буд. Аммо онҳо бо он табиати хабисе, ки доштанд, амри Аллоҳро шикаста, ҳилаи худашонро ба кор бурданд. Онҳо ҳавзҳо сохтанд ва аз баҳр ба тарафи ҳавзҳо ҷӯйҳо кофтанд, чун моҳиҳо ба ҳавзҳо ворид мешуданд, ҷӯйҳоро мебастанд ва чун рӯзи шанбе мегузашт, он моҳиҳоро медоштанд. Дар он асно онҳо ба ғазаби Аллоҳ гирифтор шуданд. Яъне сурати онҳо ба маймун ва хук бадал шуд.
Ояти мазкур сабаби Ислом овардани яке аз тобеъини бузург бо номи Каъбул Аҳбор шудааст, ки ӯ дар замони Расулуллоҳ (с) имон наоварда буд. Абӯ Идрис чунин мегӯяд: “Ҳамеша Абӯмуслими Алҷалилӣ, ки ҳамроҳаш буд, сарзанишаш мекард, ки чаро дар замони Расулуллоҳ (с) имон наовардӣ? Ҳар замон назди ӯ одам мефиристод, то фаҳмад, ки ӯ оё аз фикраш гаштааст ё не. Хулоса, Каъб худ мегӯяд: “Маркаби худро савор шуда, ба Мадина омадам, шунидам, ки қорие ояти мазкурро тиловат мекард: “Эй касоне, ки ба шумо китоб дода шуд, имон биоред ба он чӣ ки фуруд фиристодем (дар ҳоле ки) тасдиқ кунандааст ончиро, ки ҳамроҳи шумост, пеш аз он ки маҳв (дигаргун) гардонем чеҳраҳоро… ”. Дарҳол бо шитоб обе пайдо кардаму ғусл сохта, аз рӯи тарс рӯи худро медоштам, ки мабодо рӯям чунин нашавад, фаврӣ имон овардам”.
Боз дар ин мазмун ҳадиси дигаре низ ву
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «
ҷуд дорад. Локин ба ҳар тақдир бо ривояти ибни Ҷарир, Каъбул Аҳбор дар замони хилофати Умар (р) Исломро қабул кардааст. Акнун ояти зер аз калонтарин навъи гуноҳ, ки дар яҳуду насоро ҳаст, эъломи хатар намуда, онҳоро огоҳ месозад, ки агар ин гуна гуноҳро тарк накунанд, мавриди бахшиши Худованд қарор намегиранд: